Татбиқи сиёсати иҷтимоӣ: Тақдими 100 адад аробачаҳои маъюбӣ ба эҳтиёҷмандон

Татбиқи сиёсати иҷтимоӣ: Тақдими 100 адад аробачаҳои маъюбӣ ба эҳтиёҷмандон
Август 08
10:32 2022
Дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мароми супоридани 100 адад аробачаҳои маъюбӣ, либос, маводи хўрокаи ниёзи аввал баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина пайваста кўмакҳо ирсол ва дастрас карда мешаванд. Ин қишри ҷомеа ҳеҷ гоҳ худро танҳо ҳис намекунанд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни баромади худ зикр дошт, ки дар Тоҷикистон барои шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудаанд. Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад. Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таъмин мешаванд. Инчунин дар муассисаҳои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таҳсилоти умумӣ фаро гирифта мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ба оилаҳои камбизоат, осебпазир, маъюбон аз буҷети мамлакат беш аз 116 миллион сомонӣ ҷудо, аз ҷумла 30, 9 миилн сомони кўмакпулиҳо ба маъюбон дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки аз замони ба даст овардани истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои дахлдори меъёриии ҳуқуқӣ марбут ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти маъюбон, аз ҷумла, таъминоти иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли маъюбон ва таъмини муҳити дастрас бароои онҳо таҳия ва қабул гардидаанд. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва даҳҳо санадҳои дигар, ки барои маъюбон имконияти ҳифзи ҳуқуқои онҳоро тавон дошта бошад ва шароити зисту зиндагии онҳоро баланд бардорад, ба миён омадаанд.
 
Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд таъкид дошт, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мушарраф гардида истодаем. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрамон расем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшем. Дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ боварии мардуми Тоҷикистони маҳбуби мо, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ояндаи дурахшонамон зиёд намуда, барои меҳнати содиқонаву созанда ҳидоят менамоянд.
 Сипас ба зиёда аз 100 нафар маъбони шаҳру навоҳии вилоят аробачаҳои маъюбӣ, маводи хўрока ва сару либос тақдим карда шуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамзамон аз Филилали дар шаҳри Хуҷанд будаи заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе шиносӣ пайдо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин коргоҳи хурд ба истеҳсоли пойафзолҳои махсус, протези пой, артеэс, карсет, протези даст ва ғайраҳо машғул буда, дар утоқҳои гаҷкорӣ, дастгоҳҳо, васлкунӣ,пойафзолбарорӣ ва ғайраҳо 15 нафар сокинони маҳаллӣ ба кору фаъолият машғуланд.
 Истеҳсоли маҳсулоти ин коргоҳ ба тамоми маъюбон ва дигар эҳтиёҷмандон дастрас карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 730
  • 1,242
  • 949,750