Татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар вазорат

Татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар вазорат
Август 06
12:04 2019

Чанде қабл дар ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ дар мавзӯи “Сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ” барои рӯзноманигорон машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар машғулияти омӯзишӣ намояндагони вазорату идораҳои кишвар иштирок ва баромад намуда, инчунин оид ба масъалаи мазкур ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд.

Дар кори машғулияти омӯзишӣ сардори шӯъбаи аудити дохилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Назриев иштирок ва дар мавзӯи “Пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ” баромад намуда, ба саволи рӯзноманигорон посух гардонид.

Мақсад аз баргузор намудани машғулияти  омӯзишӣ ҷалби журналистон ба масоили вобаста ба мубориза бо коррупсия, шиносоӣ бо “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020”  ва дурусту амиқ инъикос намудани масоили вобаста ба ин зуҳуроти номатлуб дар ВАО-и ватанӣ мебошад.

Дар робита ба рафти татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20132020 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори шӯъбаи аудити дохилии вазорат Баҳриддин Назриев суҳбат  намудем:

Барои дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20132020 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  то ба имрӯз чӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

-Коррупсия имрӯз яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, он дар пешрафти тамоми соҳаҳо нақши манфӣ мегузорад. Аз ин рӯ, барои  пешгирӣ аз чунин амали номатлуб бояд кулли шаҳрвандон дастҷамъона муборизаи беамон бубаранд. Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.

Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ -Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ-Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд (соли 2003) узви он мебошад.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020»,  ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ гардидааст, аз 2 феврали соли 2018 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсионӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2018-2019» ва «Барномаи идоравии зиддикоррупсионии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019» таҳия ва бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели  соли 2018, №379 тасдиқ гардидааст, ба ҳамаи сохторҳои зертобеи вазорат ирсол карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи банди 2-и Нақшаи  чорабиниҳои татбиқи Стратегия ҷиҳати муайян намудани воҳиди корӣ оид ба масъалаҳои пешгирии коррупсия дар доираи воҳидҳои кории мавҷуда, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 20 апрели соли 2018 вобаста ба масъалаҳои пешгирии коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шӯъбаи аудити дохилии вазорат ҳамчун шахси масъул муайян шудааст. Новобаста аз ин, бояд қайд намуд, ки рафти иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар вазорат таҳти назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад.

Вобаста ба иҷрои банди 4-и Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ҷиҳати амалисозии “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2020” дар муассисаҳои таълимии зертобеи вазорат вобаста ба омӯзиши барномаҳои таълимию тарбиявӣ дар мавзӯъҳои зиддикоррупсионӣ ва таҳияи маводи дарсӣ оид ба муқовимат ба коррупсия роҳандозӣ шудааст. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои муассисаҳои таълимӣ дар бораи татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар барномаҳои таълимӣ барои омӯзгорон, донишҷӯён, табибони интерн ва ординаторон машғулиятҳои иловагӣ дар мавзӯи мазкур гузаронида мешаванд.

Вобаста ба Банди  83-и Нақшаи чорабиниҳои Стратегия  бояд қайд кард, ки баҳри танзими пардохти ғайрирасмии аҳолӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҷорӣ намудани ҳампардохти расмӣ ва хизматрасонии пулакӣ дар муассисаҳои тиббӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 таҳти №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» тасдиқ гардида, то имрӯз мавриди амал қарор дорад.

Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳа чӣ тадбирҳо андешидааст?

-Қобили зикри хос аст, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вобаста ба пешгирӣ аз ҳолатҳои  коррупсионӣ, инчунин таъкиду эродҳо, ки дар робита ба соҳаи тандурустӣ дар Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вохуриву ҷаласаҳои сатҳи баланд садо медиҳанд, пайваста дар вазорат вохурии намояндагони мақомоти марбута бо кормандони соҳа доир карда мешавад.

Аз ҷумла пас аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, санаи 22 январи соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Агентии  назорати давлатии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони вазорат доир гашт.

Дар вохӯрии мазкур Маҳмадсаид Файзуллозода, полковники адлия-сардори Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидоштаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насуриддин Абдуалимзода, полковники адлия-муовини сардори Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидоштаи Агентии мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар баробари ин, дар ҳар ҷаласаву вохӯриҳое, ки дар сатҳи вазорат доир мегарданд, масъалаи пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар тамоми муассисаҳои зерсохтори вазорат аз ҷониби вазир мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар маҷмӯъ, имрӯз барои решакан намудани ин вабои аср аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ  андешида шудаанд. Бо вуҷуди он, ки ҳанӯз ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ба чашм мерасанд, аммо маҳз дар пайи андешидани чораҳои саривақтӣ ва қатъӣ ин омили номатлуб  зина ба зина боз ҳам паст карда хоҳад шуд.

Вобаста ба Банди  85-и Нақшаи чорабиниҳои татбиқи  Стратегияи мазкур давоми шаш моҳи аввали соли 2019 дар вазорат чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?

-Вобаста ба Банди  85-и Нақшаи чорабиниҳои татбиқи  Стратегия дар шашмоҳи аввали соли 2019 бо  иштироки комиссияи махсус ба миқдори 101 335 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизоии қалбакӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда, муҳлати истифодаашон гузашта, инчунин  бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Дар ин давра мутобиқи моддаи 121 ва 122-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсони воқеию, ҳуқуқӣ, мансабдор, 279 протоколу қарор оид ба вайрон намудани қоидаҳои фаъолияти фармасевтӣ тартиб дода шуда, ҷамъ ба маблағи умумии 718 640 сомонӣ ҷарима баста шуда, ба буҷаи давлат супорида шудааст.

Таҳлилҳо дар самти муроҷиатҳои хаттиву шифоҳии шаҳрвандон оид ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ, бақайдгирии муроҷиатҳои онҳо, мавҷудияти китобҳои бақайдгирӣ ва тартиби баррасии онҳо вобаста ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №465 аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» чунин натиҷагирӣ карда шуд:

-дастурамали коргузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардида, тибқи Фармоиш №705 аз 4  сентябри соли 2017  тасдиқ карда шудааст ва ҳамзамон ба сохторҳои  зертобеи вазорат барои корбарӣ ирсол карда шудааст.

– Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 майи соли 2017 таҳти №1413 қабул гардид, ки он дар паст намудани хавфҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошт:

-китобҳо дар бораи бақайдгирии муроҷиатҳои хаттиву шифоҳии шаҳрвандон ва ба шахсони масъул супоридани онҳо, инчунин барои иҷро ва бақайдгирии ҷавобҳо тартиб дода шудааст, ки  ба талабот ҷавобгӯ мебошанд:

-таҳлили муроҷиати шаҳрвандон тариқи электронӣ нишон дод, ки муроҷиати шаҳрвандон тариқи сомонаи вазорат низ ба роҳ монда шудааст ва вобаста ба онҳо ҷавобҳои мушаххас низ ирсол гардидааст:

-дар даромадгоҳ ва роҳравҳои муассисаҳои зерсохторҳои вазорат бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва шаффофияти фаъолияти кормандон  видеокамераҳо гузошта шудааст:

-тартиби гирифтани  дараҷаи тахассусии кормандони  соҳаи тиббӣ ва иҷтимоӣ бо тариқи тестӣ бар роҳ монда шудааст:

-шаффофияти гузаштани тендерҳо барои  хариди молу мавод ва таъмири биноҳо дар ҳафтаномаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ эълон гардида, тибқи тартиби муқараргардида  гузаронида мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои талаботҳои Нақша-чорабиниҳои зиддикоррупсионии  «Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №465 аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)»-ро  зери назорати доимӣ қарор дода, дар ин самт дар оянда низ корро пурзӯр хоҳад кард.

Ташаккур барои суҳбат!

Суҳбаторо ХУСРАВ ШОҲСАИДОВ

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 544
  • 1,242
  • 949,564