Хайрулло Иззатов: зиёда аз 90%-и инсултҳоро метавон пешгирӣ кард.

Хайрулло Иззатов: зиёда аз 90%-и инсултҳоро метавон пешгирӣ кард.
Март 14
15:20 2024

Муҳаққиқони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бар он боваранд, ки аз сад 90 % ҳодисаи фавт аз инсультро метавон пешгирӣ кард. Агарчӣ, сактаи майнаи сар дар раддабандии сабабҳои марг дар ҷаҳон, кишварҳои  Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, пас аз бемориҳои дил, дар ҷои дуюм карор гирифтааст. Дар иртибот ба ин мавзуъ, бо чанд суол ба сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои асаб Хайрулло Иззатов муроҷиат намудем, ки ҳоло фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

-Оё чунин натиҷагирии умедбахшу  некбинона барои оянда заминаи воқеӣ дорад?

-Маврид ба зикр аст, ки тибқи нишондодҳои омории ТУТ ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 10 млн сактаҳои мағзӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки 5 млн-и онҳо ба фавт оварда мерасонанд. Аз 1/3  ҳиссаи гирифторони ин беморӣ дар муддати 30 рӯз мефавтанд. Инсулт ҳамчун сабаби маъюбӣ ҷои аввалро ишғол намуда , зиёда аз 50 фисади онро шахсони коршоям ташкил медиҳанд.

Аз зиндамондагони сактаҳои мағзӣ 80%-и он маъюб мегарданд, 30%-и онҳо ба парастор ниёз доранд  ва  20%-и дигар роҳ гашта наметавонанд.

Яъне инсулт ин проблемаи глобалии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад.

Воқеан бино ба таъкиди муҳаққиқони ТУТ зиёда аз 90%-и инсултҳоро метавон пешгирӣ кард.  Маъмулан, инсулт дар натиҷаи  болоравии фишори хун (гипертонияи артериалӣ), иллатхои атеросклерозу диабети қанд ба амал меояд.  Ҳамчунин, ихтилол дар хунравӣ, беморихои ирсӣ низ сабаби  сакта мешаванд.  Фарбеҳӣ, тамокукашӣ ва камҳаркатӣ  чун омилҳои ин бемори  дар тиб дер боз эътироф гардидаанд.  Яъне, аз нигохи  коршиносони ТУТ (Созмони ҷаҳонии беҳдошт), вакте, ки маҷмўи нишонаи  ин бемориҳо бармаҳалу босифат ташхис ва саривақт муолиҷа гардад, шахс аз хатари сактаи мағзӣ эмин  мемонад.

абл аз он, ки  перомуни зарурияти муолиҷаи иллатҳое, ки ногузир боиси   ин беморӣ мешаванд сухан гуем, бояд донист, ки худи сактаи майнаи сар чист ?

-Фаъолияти муътадили майна, ки барои назорати ҳаракат, рафтор ва гуфтори инсон масъул аст, ҷараёни доимии хун дар рагҳои сарро тақозо мекунад.  Ҳуҷайраҳои майна нисбат ба дигар узвҳои бадан ба норасоии оксиген ҳассостаранд. Зеро нейронҳо қобилияти нигоҳ доштани (захираи) оксигенро надоранд. Шояд аз ҳамин сабаб табиат майнаро бо тури рагҳои хунгард печонидааст!   Оксигенро   ба мушаку бофтаҳои сар хун  мекашонад. Инсулти мағзӣ як ихтилоли якбора ва босуръати гардиши хун дар сар, яъне халалдор шудани гардиши хун дар рагҳои он мебошад.

– Дил ҳангоми як бор кашиш хўрдан (дар як зарба) 80 мл хунро аз (бандари) дарвозаи чапи худ берун мепартояд. Дар як шабонарўз 170 литрро! Ҳамин миқдор хуни сероксигену серғизо тавассути шоҳрагу мўйрагҳо шабу рўз дар аъзои бадан бетаваққуф гардиш мехўрад.  Вақте ки бо хун таъмин кардани бофтаҳо ва ҳуҷайраҳои сар нокифоя аст, онҳо аз норасоии ҳаво оҳиста-оҳиста маҳв мешаванд. Ҳангоми канда ва ё комилан маҳкамшавии  раг, ҳуҷайраҳои як қисми майна аз оксиген маҳрум монда, дарҳол мемиранд, яъне дар он қисми майна сактаи мағзи сар рух медиҳад.

Коршиносони ТУТ дар муқоиса бо инсулти геморрогӣ, аз афзоиши се секаратаи гирифторӣ ба сактаи ишемикӣ огоҳӣ медиҳанд.  Фарқият байни нишонаҳои   ин ду шакли беморӣ кадом аст?

-Асосан, ду намуди сакта кори системаи марказии асабро бештар халалдор мекунанд.  Сактаи ишемӣ –  ин камхунии рагҳои майна, бар асари танг шудани мачрои хун дар рагҳои сар, (варам) суддашавӣ, бо далели часпидани пулакчаҳои атеросклеротикӣ аст. Дар ин ҳолат роҳи раги хунгарди майнаро тоза мекунанд, то хун аз бандшавӣ дар раг раҳо ёбад. Сактаи геморрогӣ, (хунрезӣ) хунравӣ дар рагҳои хунгард (хунгузар), аст ки бофтаи майнаро фишурда, (танг) мекунад. Аз кафидан, ё кандашавии рагҳои хунгард дар як муддати хеле кутоҳ дар майна тағйироти бебозгашт ба вуҷуд меояд. Одам (фавран) ҳамон лаҳза карахт, беҳуш мешавад. Беморро фавран ҷарроҳӣ карда, нуқсеро, ки сабаби нарасидани оксигену ғизо ба мавзеи осебрасида аст (гемотома) бартараф   месозанд.  «Дамидани хун» ҳангоми сактаи геморогӣ метавонад ҳангоми кор дар ҷӯяк, рўҳафтодагии зиёд сар занад.

Нишонаҳои ҳар ду навъи (намуди) инсулт аксар вақт шабеҳи якдигаранд, тафриқа байни онҳоро томографияи компютерӣ нишон медиҳад. Шаклҳои дигар, аз ҷумла сактаи субарахноид, камтар ба мушоҳида мерасанд.  Фавран муайян кардани (масоҳати сактаи мағзӣ) майдони инсулт низ ғайриимкон аст.

-Шумо дар оғоз, аз як силсила бемориҳое, ки эҳтимолияти сар задани сактаро   зиёд мекунанд, ёдовар шудед. Оё метавон аз миёни онҳо, як, ё ду омили асосиро ном бурд?

– Умуман, аз нигоҳи тиб, сактаи майна натиҷаи маҷмӯи касолатҳои бадан аст.    Пешгуии он ки, таъсири кадом омил ба рушди сакта дар ин ё он ҳолати мушаххас каму зиёд аст, корест мушкил.  Муҳаққиқон сабаби 40% инсултро фишорбаландӣ муайян намудаанд. Фишори баланди хун бе ягон аломат, оҳиста-оҳиста ба дил ва рагҳо зарар мерасонад.  Аммо, мутаассифона, аксарият онро нодида мегиранд. Ҳангоми болоравии фишор, дарди сари тўлонӣ,  чархзании мудавоми сар аналгин ва ё маъмулан цитрамон  хўрда, ором мешаванд. Тибқи як пажӯҳиш, ки соли 2017 анҷом шудааст, ҳар сеюмин нафари калонсол дар вилояти Суғду Хатлон аз фишори баланди хун азият мекашанд. Аз ҳар сад бонуи синни аз 15 то 49-сола боло, танҳо 17 нафар аз бемории худ огаҳӣ  доштанд. Ҳатто пас аз таъин кардани фишори баланд, танҳо 30 нафар аз 100 тавонистаанд сатҳи фишори худро зери назорат гиранд.

-Аз ин таҳлил ва таҷриба метавон хулоса кард, ки ниёз ба нашри маълумоти тиббӣ, таблиғи  тарзи ҳаёти солим ҳануз зарур аст? 

– Таблиғи пешгирӣ аз бемориҳо на танҳо зарур, балки ниҳоят муҳим аст. Ба шарте, ки маълумот босаводона, самаранок ва нишонрас таҳия шавад.   Ҳар шахс огоҳ бошад, ки агар фишор то ҳадди хавфнок, яъне 140/90 ба такрор боло равад, «лаҷоми» онро бояд ҳатман ба даст гирифт. Духтур дар ин маврид бо назардошти синну сол, дигар иллатҳои инфиродӣ, миқдору навъи ҳаби фишорпастсозро муайян мекунад.  Вале самараи давраи табобат аз хоҳишу кўшиши муштарӣ низ вобастагӣ дорад.  Масалан, риояи парҳези ғизо шарти хеле ва хеле муҳими он аст.  Мусаллам аст, ки ҳар 1 кг вазни зиёдати сатҳи фишори хунро ба як дараҷа боло мебарад. Истеъмоли аз ҳад зиёди намак, ё ба ибораи дигар натрий, обро дар бадан нигоҳ медорад, ки дар натиҷа ҳаҷми хуни гардишгарӣ зиёд ва фишори хун меафзояд. Истеъмоли намакро аз 10-15гр муқаррар шуда, ҳатман, оҳиста – оҳиста, рӯзе то 3-4 гр.  бояд коҳиш дод.  Яъне, бо мўътадил сохтани мубодилаи моддаҳо, лоғаршавӣ, метавон ин «қотили беовоз» – ро рафъ намуд.

Омили дигари муҳими инсулт атеросклероз, бемории рагҳои хунгузар мебошад. Шакли сабуки вайроншавии рагҳо аз ҳуш рафтан аст. Шахсоне, ки асабҳои суст доранд, зери таъсири обу ҳавои номусоид ва сахт, гармии шадид ва ё шиддати асабу  эҳсосоти баланд  аз худ меафтанд.

 –Бемории фишрои баланди хун ва нишонаҳои он, то андозае ба мардум ошност. Сабабҳои асосии атеросклерозбемории музмини рагҳоро муфасссалтар шарҳ медодед!?

-Хун бо таъмини мушаку бофтаҳо бо оксигену ғизо, айни замон аз он гази карбон (диоксиди карбон) ва дигар такшин, пасмондаҳои ҷузъҳои мубодилаи моддаҳоро барои поксозӣ ҷаббида мегирад. Такшин – пулакча, чарбуҳои хунро, муқарраран системаи зиддилахташавӣ ба таври мунтазам, муназзаму бомуваффақ тоза мекунад.Аммо агар мубодилаи моддаҳо (метаболизм) вайрон, ё рагҳои хун нуқсе дошта бошанд, раванди поксозӣ заифу кунд мешавад. Як миқдор пасмондаҳо – пулаку равғанҳои дар хун пайдошуда ба манбаи холестирин табдил меёбанд. Батадриҷ онҳо ба девораҳои дарунии рагҳои нозуки хуни майнаи сар часпида, ба ҳам пайваст ва фишурдагӣ – лавҳаҳои атеросклеротикӣ ба вуҷуд меоранд. Атеросклероз  бемории девораҳои рагҳо ва шараён аст. Он рагҳоро дар тӯли солҳои зиёд бе ягон нишона фишурда, харобу танг мекунад. Гоҳе ҳатто осеби рагҳои калон то муддати муайян боиси нороҳатӣ намегардад. Гоҳи дигар қатъи гардиши хун аз сабаби баста шудани рагҳои хунгард, ҳатто барои чанд сония, метавонад оқибатҳои бад эҷод кунад.

Душмани ашаддии атеросклероз холестирин аст, ки ногузир ба иллати дилу рагҳо меоварад. Барои фаъолияти мӯътадили майна рагҳои сар бояд  чандиру нарм бошанд,  то хун ба осонӣ равон бошад. Ҳабҳои статинӣ сатҳи холестиринро паст, ба рагҳо шифо ва гардиши хунро дар майна беҳтар мекунанд.

 Дар маҷмӯъ, усули аз ҳама арзон, бехавф ва камхарҷи муътадил сохтани холестирини хун –  ин танзими дурусти ғизо ва парҳез аст. Риояи парҳез сатҳи холестиринро 10-20% коҳиш медиҳад.  Агар шумо мунтазам, рӯзе як дона себ хӯред, пектини таркиби он холестирини зарароварро аз бадан хориҷ мекунад. Ба ин максад, ҳафтае ду маротиба истеъмоли ғизо аз ҷав низ муфид аст.  Беморони атеросклероз ҳамчунин дар ҳавои тафсон  бояд  бештар об нӯшанд. Аз таъсири нури офтоб худро дар канор гиранд.  Сайру гаштро танҳо саҳар ва бегоҳ ихтиёр кунанд.

-Ба ақидаи бархе аз муҳаққиқон, сактаи дил ва сактаи сар, бештар   аз соати 6 то 9 субҳ  рух  медиҳад. Олимони Бостон ҳатто вақти мушаххас 6.30 ро зикр карданд.   Шумо дар ин робита чӣ назар доред!

-Соли 2017 олимони амрикоӣ Ҷеффри Холл, Майкл Росбаш ва Майкл Янг барои пажӯҳишашон дар бораи механизмҳои молекулавӣ, ки ритми сиркадианиро назорат мекунанд, сазовори ҷоизаи Нобел дар бахши физиология шуданд. Ритмҳои сиркадианӣ як навъ соати махсуси биологианд, ки мутобиқи гардиши шабу рӯз ба каму зиёдшавии фаъолияти узвҳои бадан, инчунин кори ҷисмонӣ, масъуланд. Муҳаққиқон  нақши ангезандаҳои беруна — таъсири давриро инкор намекунанд. Вале тағйироти дохилӣ, молекулавӣ – эндогенӣро дар танзими биоритмҳои сиркадианӣ, муҳимтар  меҳисобанд.

 Хуллас, тағйирот, афзоиш ва коҳиши сатҳи мелатонин раванди хоб ва бедоршавиро танзим мекунад. Мувофиқи ритми сиркадианӣ, соати 22:00 марҳилаи амиқтарини хоб аст. Кўдакон муҳим аст, ки гарқи хоб бошанд, зеро дар ин вақт организм гормонҳои афзоишро бештар тавлид мекунад ва ҳуҷайраҳо нав мешаванд.

 Ҳамин тавр, бо назардошти тағйироти биологӣ аз соати 6 то 9 дар организм фишори хун ва қанд нисбатан баланд, ташшаккули лахташавии хун  (лахтаҳои хун)  фаъотар ба мушоҳида мерасад. Ҳар лаҳза як тикка хун аз ин лахтаҳо ҷудо шуда метавонад боло рафта дар холигии танги раги хунгарди сар ҷой гирад, онро банд кунад ва ё боиси кандашавии раг гардад. Аз ин рӯ, хатари инсулт дар беморони қалб, ё рагҳои заифдошта меафзояд.  Тадқиқот оид ба сиклҳои сиркадианӣ   идома дорад. Ба ҳар сурат, табобати барвақти бемориҳои дилу раг, ки ҳамчун роҳи асосии пешгирии сактаи мағзи сар эътироф гардидааст, то ҳол дар пешгирии сактаҳо, аз ҳама муҳим маҳсуб мемонад.

 –Оё    сактаи майнаи сарро пешгўӣ кардан имконпазир аст?

-Мутаассифона, ҳатто бо назардошти усулҳои муосири ташхис, вуқуъи фоизи хеле ками ҳодисаҳои инсултро метавон пешгўӣ кард. Роҷеъ ба ҳушравӣ, ки иллаташ бемории мағзӣ аст, соли 460 пеш аз мелод Гиппократ маълумот дода буд. Истилоҳи ἀποπληξία – «апоплексия» дар тавсифи беморӣ бо оғози (фарорасии) беҳушшавӣ,  мерос аз Гален аст. Як нишонаи сактаи сар аз он замон то ба имруз – микроинсулт, қатъи (боздории) муваққатии гардиши хун дар майна мебошад.  Баъди андаке аз ҳуш рафтан дасту пой кам-кам карахт шуда, сар чарх мезанад. Аксаран, вале на ҳама вақт, тарзи талаффуз халалдор мегардад.   Ҳангоми табассум як кунҷи лабҳо ба поён хам (печида) мешавад. Бо гузашти як шабонарўз, ё каме пештар нишонаҳо аз байн мераванд. Вале пас аз он муоинаи мукаммали тиббиро ба таъхир нагузоред. Зеро, имкони инсултҳои такрорӣ, ҳатто ҳангоми хоб боқӣ мемонад.

-Илми тибби муосир ба нақши генҳо дар ҳифзи саломатӣ инчунин, инкишоф ва авҷи баъзе бемориҳо аҳамияти хоса медиҳад. Дар робита бо ин, оид ба таъсири  омилҳои ирсӣ ба сактаи магзӣ ягон навигарии  тозае ҳаст ?

-Воқеан   омилҳои рушди сактаи майна дар генҳо низ нухуфта аст.  Одамоне ҳастанд, ки рагҳои онҳо на тавассути капиллярҳо,балки  мустақиман  бо ҳам пайванданд.  Тромбози рагҳои сар, гемофилия, мустақиман эҳтимолияти пайдоиши инсултро доранд. Зарари ночиз ба рагҳои хун ҳангоми бемории Фон Виллебранд – ихтилоли хун (гемостаз), хатари хунравии шадидро зиёд мекунад.  Дар мавриди аневризм – кашиш, ё васеъшавии ғайримуқаррарӣ дар раг ҷайби кабуд (халта мезанад) ба вуҷуд меояд.  Хуллас, бемориҳои модарзодӣ, ки шакл ва сохтори рагҳои хунгузарро тағйир медиҳанд, зери таъсири омилҳои номатлуб, баъзан метавонанд барои инкишофи инсулти геморрогӣ сабаб шаванд. Бо вуҷуди ин, хулосаи он, ки ҳама ашхоси дорои нишонаҳои ирсӣ, хавфи дучор ба инсултро доранд, билкул хатост. Тақдир дар дасти Худованди мутаъолу баъдан худи мост.  Қисмати худро ба  айби генҳо  ҳавола насохта,  навоқиси модарзодиро  ба воситаи техникаи муосир ошкор  ва ба муолиҷаи   он таваҷҷўҳ намоед.

Инсулт инчунин вақте, ки моддаи бегона, ба монанди қатраи нафт, ҳубобчаи газ ё лой ба рагҳои хунгузар ҳангоми садама ворид шавад, рух медихад. Лек, чунин ҳодисахо дар қиёс ба онҳое, ки аз асабонияти шадиду шитобкорӣ, баҳсҳои тезу тунд сактаи мағзӣ мешаванд, ба маротиб камтар аст.  «Тавоноии идора кардани хашм аз сифатҳои паёмбарони осмонист». Дар ин дастури  дини мубини Ислом ҳикмати зиёде нуҳуфтааст.

-Аз тавзеъу ташвиқи усулҳои пешгирӣ аз сактаи магзӣ бармеояд, ки  нақши ҳар як фард  дар муолиҷаи беморӣ аз фаъолияти табибон бештар аст.

-Бале, ин комилан дуруст аст. Вале, вақте сакта рух медиҳад, бемор  бояд фавран бистарӣ шавад. Дақиқаҳо метавонад ҳаётро наҷот диҳад. Кӯмаки аввалия, агар дар давоми се соат пас аз сакта- “фосилаи тиллоӣ” расонида шавад, хатари оқибатҳо, хавфи такрори он, ба таври назаррас коҳиш меёбад. Аксар вакт беморонро дер меоранд. Ва ин кори духтуронро душвор мегардонад.

«Неку бади» сактаи майна вобаста ба он аст, ки кадом қисми мағзи сар, чанд вақт – дароз ё камтар – бе хун, яъне бе оксиген мондааст, ё он ғарқи хун аст. Оқибатҳои инсулт аз майдони минтақаи зарардида ва шумораи рагҳои вайроншуда чандон вобаста нест. Баъзан қисми зиёди мағзи сар, ки фаъолиятҳои муҳими “назорати бадан” -ро иҷро намекунад, осеб мебинад. Вазъи бемор дар ин ҳол чандон вазнин нест.  Баъзан барои маҳви қисми хурди мағзи сар, ки дар системаи асаб масъули назорати вазифаҳои асосист, ҳатто як осеби хурд кофӣ аст. Табибон дар ҳама ҳолат, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, ки функсияҳои ҳаётан муҳими беморро бо ҳар роҳ барқарор намоянд.

Яъне, пурарзиштарин вақт, дақиқаву соати аввали баъди сактаи мағзӣ аст, зеро маҳз дар ҳамин муддат ёрии тиббӣ муассир ва шифобахш маҳсуб мешавад. Чӣ бояд кард, агар бемор дар ҷои дур аз маркази тиббӣ зиндагӣ кунад?

-Бемореро, ки сактаи мағзӣ гирифтааст, танҳо дар бистар дар ҷойгаҳи хоб интиқол медиҳанд.  Аз ҷой хестан ва роҳ рафтани бемор қатъиян манъ аст. То расидани «ёрии таъҷилӣ», тугмахои куртаи беморро боз кунед, то ки ӯ озод нафас гирад ва тирезаҳоро кушоед. Дандонхои сунъиро берун кашида, бояд даҳон аз ғализиҳо пок шавад. Зери сари бемор болини баланд гузоред. Сару китфи уро ба болин чунон мегузоранд, то гардан қат нашавад, зеро ин гардиши хунро дар рагҳои сутунмӯҳра халалдор мекунад. Фишори хунро санҷед, дар холати баланд будан, доруи зидди фишор диҳед. Агар дору набошад, пас пои беморро дар оби гарм  гиред.

-Ба ҳар ҳол, бо вуҷуди талошҳои табибон, пас аз сактаи мағзӣ гоҳо дар беморон фалаҷи бадан, суханронии камранг, дарди сар боқӣ  мемонанд ва онҳо  ба кумаку дастгирии наздикон ниёз доранд. 

-Мутаассифона, теъдоди бемороне, ки баъди инсулт азият мекашанд, дар хонаи бепарасторон низ ру ба афзоиш аст. Ғайр аз ин,   эҳёи  фаъолияти бемор баъди сакта ба воситаи даво, варзиши табобатӣ, масҳ бояд ҳатман  таҳти назорати табиб гузарад. Ҳама ин харҷ, барои муддати тӯлонӣ, зарари чашмрасе ба буҷаи оила аст.  Оқибатҳои вазнини сактаи сар – маъюбӣ, чун як мушкилоти мубрами иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ низ боқӣ мемонад.  Қобили зикр аст, ки  бо  болоравии давомнокии умр  аз 68- то 70 дар кишвар, одамони синашон 50-60 сола низ зиёд мешаванд. Яъне, сафи гуруҳи калонтарини хатар ба маъюбӣ ба дарозо меравад. Теъдоди инсултҳо дар одамони синну соли қобили меҳнат низ, ру ба афзоиш аст, Бо назардошти ин ҳама зарурат ба теъдоди бештари осоишгоҳҳои тахассусӣ  барои  табобати сакта, ба миён меояд.

Дар фарҷоми сӯҳбат мехостем таманниёти Шуморо ба хонандагони сомонаи moh.tj  бирасонем.

-Қонуни нонавиштае ҳаст, ки  агар шумо худро сиҳатманд эҳсос кунед, парвардигор онро ба шумо ато мекунад. Ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарин, новобаста аз он ки худро чӣ гуна ҳис мекунед, ноумед нашавед, ба барқароршавии ҷисми худ бовар кунед. Имон ва ихлос, нияти табобат ёфтан, андешаи нек инсонро шифо мебахшад.   

-Ташаккур барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 333
  • 989
  • 887,687