ТАВАҶҶУҲ: Сафари кӯдакони то синни 6 солаи мамлакат ба муҳлати 60 рӯз пас аз гирифтани ваксинаи охирини зидди бемории фалаҷ (иОПВ-2) ба Федератсияи Россия манъ гардид

ТАВАҶҶУҲ: Сафари кӯдакони то синни 6 солаи мамлакат ба муҳлати 60 рӯз пас аз гирифтани ваксинаи охирини зидди бемории фалаҷ (иОПВ-2) ба Федератсияи Россия манъ гардид
Октябр 02
13:57 2021

Бо қарори Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2021, №126 бо дарназардошти он, ки то 15 сентябри соли 2021 даврҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди бемории фалаҷ анҷом дода шуд ва тибқи мушоҳидаҳо гардиши вируси бо ваксинатсия алоқаманди нОПВ-2 дар муҳити атроф, аз ҷумла дар фазлаи кӯдакони ваксинатсияшуда дар як марҳилаи аниқ муайян карда мешавад, аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия бевосита ва ё тавассути дигар давлатҳо сафар намудани кӯдакони то синни 6 сола ба мӯҳлати 60 рӯз пас аз қабули ваксинаи охирони зидди бемории фалаҷ (иОПВ-2) манъ  карда шуд.

Дар ҳолатҳои истисноӣ, бо дарназардоштӣ то ба имзо расонидани қарори мазкур аз ҷониби волидайни кӯдакони ваксинашудаи то синни 6 сола харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймо барои сафар ба Федератсияи Россия бевосита аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё тавассути дигар давлатҳо танҳо бо шарти дар даст доштани ҳуҷҷатҳои зарурии иммунизатсияи кӯдакони синни то 6 сола бо дарҷи марҳилаҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ иҷозат дода мешавад.

Дар робита ба масъалаи мазкур Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Муассисаи давлатии “Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ, назорат дар нақлиёт ва сарҳадот” вазифадор карда шуданд, ки тавассути Нуқтаҳои санитарию карантинии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд, Нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар Нуқтаҳои гузаргоҳҳои заминии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошанд, назорати сафари кӯдакони то синни 6 солаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Федератсияи Россия дар давраи татбиқи қарори мазкур, бо дарназардошти ҳолатҳои истисноӣ пурзӯр намоянд.

Аз ин лиҳоз, аз волидайн даъват ба амал оварда мешавад, ки қарори мазкурро нодида нагиранд ва то муҳлати мавриди амал қарор гирифтани он аз сафар бо кӯдакони  то синни 6 солаи хеш ба Федератсияи Россия худдорӣ намоянд.

Дар ҳолати пайдо шудани савол вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандони мамлакат метавонанд ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии маҳали зисти хеш муроҷиат кунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 974
  • 1,242
  • 949,994