Таваллудхонаи ноҳияи Рӯдакӣ дорои таҷҳизоти тиббии муосир гардид (АКС)

Таваллудхонаи ноҳияи Рӯдакӣ  дорои таҷҳизоти тиббии муосир гардид (АКС)
Июл 03
13:36 2019

ДушанбеРӯдакӣ, 03:07:2019 / Moh.tj / Дар шӯъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ маросими супоридан ва қабули таҷҳизоту лавозимоти муосир, ки бо дастгирии молиявии Ҳукумати Федератсияи Россия дар доираи Лоиҳаи «Зиндамонӣ ва инкишофи кӯдакони синни бармаҳал» тавассути Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шудаанд, баргузор гардид.

Дар маросими супоридани таҷҳизоти тиббӣ  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семёнович ва роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини иштирок намуданд.

Чорабиниро, ки бахшида ба супоридани таҷҳизоти тиббӣ дар назди беморхонаи мазкур баргузор гардид, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова ҳусниоғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуд.

Азиз Одиназода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни суханронии хеш иброз намуд, ки иқдоми пешгирифтаи шарикони боэътимоди мо-сафорат ва намояндагӣ идомаи ҳамкории бомарому пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Федератсияи Россия ва ЮНИСЕФ буда, барои рушди соҳаи тандурустии кишвар саҳми назаррас арзёбӣ шуда, дар партави сиёсати хирадмандона ва сулҳпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардидааст.

-Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ дорои 236 кат буда, соли 1975 сохта шудааст, ки ба сокинони ноҳияи мазкур, ки айни замон 588631 нафар мебошанд, хизмат мерасонад. Дар беморхона 112 табибон ва 259 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият мекунанд. Бо назардошти дурнамои афзоиши аҳолии ноҳия, иқтидори моддию нерӯи кадрии беморхона ва шароити кории сохторҳои он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, мушкилоти мазкур зина ба зина роҳи ҳалли худро ёфта истодааст,-афзуд ӯ.

Номбурда дар охири суханронии хеш  барои дастгирии соҳа ба меҳмонон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҳзори миннатдорӣ намуд.

Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ҷаноби Игор Семёнович Лякин-Фролов дар баромади хеш дар маросими супоридани таҷҳизот дар ноҳияи Рӯдакӣ чунин ибрози ақида намуд:

-Миннатдории худро ба онҳое, ки имконияти иштирок дар ин чорабиниро фароҳам овардаанд, мерасонам. Бо дарназардошти муносибатҳои дӯстона ва стратегии байни Тоҷикистону Россия, кишвари мо пайваста тибқи нақша барои ба даст овардани дастовардҳо дар самти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ин ва дигар лоиҳаҳо нишонаи манфиатдор будани кишвари мо барои пешрафт ва рушди мардуми Тоҷикистон аст.

Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Калестини зимни баромади худ қайд намуд:

– Солимии кӯдакон ва модарон сармояи муҳимтарини ҳар як давлат буда, он яке аз самтҳои афзалиятноки ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мо ҳамеша омода ҳастем, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паст кардани сатҳи фавти кӯдакон ва солимгардонии онҳо якҷоя кор намоем.

Дар навбати худ миннатдории хешро ба Ҳукумати Федератсияи Русия барои дастгирии  чандинсолаи онҳо ҷиҳати маблағгузорӣ ва хариди  таҷҳизоти техникии мазкур мерасонем. Бояд қайд кард, ки пешниҳоди ин таҷҳизот оғози солимии шаҳрвандони “хурдакак”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад,-гуфт ӯ.

Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд баҳри зиндамонии кӯдакон, пайдо ва бартараф намудани камбудиҳо дар системаи тандурустӣ ва муҳофизату солимии ҳар як модару кӯдак бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Бо мақсади кам намудани сатҳи фавти кӯдакон дар Тоҷикистон барномаи дастгирии моддӣ-техникӣ ва машваратӣ ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар 12 ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, маблағи умумии он 1 миллиону 430 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҷумла маблағи умумии барои харидории таҷҳизот пешбинишуда 660 ҳазор доллари амрикоиро ташкил менамояд. Маблағи харидорӣ ва насби таҷҳизот барои шӯъбаи таваллудии Беморхонаи марказии ноҳиявии ноҳияи Рӯдакӣ 90 ҳазору 244 доллар амрикоиро дарбар гирифта, мӯҳлати кафолатнокии истифодаи таҷҳизот аз ҷониби пудратчии лоиҳа се сол мебошад.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 951
  • 1,242
  • 949,971