Теъдоди умумии беморони COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 1,6 млн нафар расид

Теъдоди умумии беморони COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 1,6 млн нафар расид
Апрел 10
13:58 2020

Теъдоди беморони сирояти коронавирус дар ҷаҳон зиёда аз 1,6 миллион нафарро ташкил медиҳад, дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Донишгоҳи амрикоии Ҷонс Хопкинс, ки омори  худро дорад, хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти охирин, дар ҷаҳон 95 699 нафар қурбонии сирояти коронавирус шудаанд. Шумораи наҷотёфтагон ба 355 ҳазор мерасад.

Дар ИМА давоми як шабонарӯзи охир, 1 904 нафар қурбони COVID-19 шуданд. Ин нисбат ба як рӯзи пеш 61 ҳолат  камтар мебошад. Ҳамагӣ 16 672 нафар аз мушкилоти марбут ба коронавирус фавтиданд. Як рӯз пеш ин рақам 14 768 нафарро ташкил дода буд. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус ба 465 ҳазор расида, беш аз 25 ҳазор нафар шифо ёфтанд.

Рӯзи панҷшанбе, 9 апрел, аз  аввалин огоҳиномаи СУТ оид ба ҳолатҳои нави сирояти коронавирус дар Чин 100 рӯз сипарӣ шуд, ёдовар шуданд дар созмон.

  Акс:   http://news.allcrimea.net/

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 549
  • 989
  • 887,903