Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тезонидани амалҳои зарурӣ барои баланд бардоштани дастрасӣ ба об, санитария ва гигиена дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон” ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, сардорони як қатор раёсат ва шӯъбаҳои зерсохтори вазорат ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба дастрасӣ ба об, санитария ва гигиена дар арсаи ҷаҳон ба шумор рафта, ҷомеаи ҷаҳониро баҳри рафъи мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта даъват менамояд.
Бояд гуфт, ки об ва санитария афзалияти глобалии рушд, шарти ҷомеаи устувор, одилона ва шукуфон дар саросари ҷаҳон, шаҳодати уҳдадориҳои глобалӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди устувор мебошанд.
Дар идома як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мазкур баромад карда, ба иштирокчиёни ҷаласа маълумоти муҳиму зарурӣ пешниҳод намуданд.