
Март 03
17:05
2023
Имрӯз дар шаҳри Душанбе байни Тоҷикистон ва Русия якчанд санади муҳим ба имзо расид.
Тавре дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, санадҳо дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба имзо расиданд.
Ҳамин тавр, дар баробари дигар бахшҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон ба Созишнома имзо расид.
АКС: АМИТ «Ховар»