Ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила таъсис ёфтанд

Ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила таъсис ёфтанд
Декабр 24
14:57 2018

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ ва амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ  дар  оила  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2014-2023» як қатор тадбирҳоро амалӣ намудааст. Аз ҷумла беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои кишвар тибқи иҷрои банди 4-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” вазифадор карда шуданд, ки то охири моҳи ноябри соли 2018 дар назди шуъбаҳои таваллуди Беморхонаҳои марказӣ ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила  таъсис диҳанд.

Бинобар ин, тибқи фармоиши  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар назди шуъбаҳои таваллуди Беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритуз ва Фархор ҳуҷраҳои тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ташкил карда шуд.

Инчунин дар назди Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” –и шаҳри Душанбе  “Ҳуҷраҳои тиббию иҷтимоии офиятии занони аз зӯроварӣ дар оила ранҷкашида” таъсис дода шуда, бо кӯмаки техникии Филиали GОPА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон/Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шуда,  ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар моҳи октябри соли равон ба 20 нафар кормандони ин ҳуҷраҳо дар мавзӯи “Расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила дар ҳуҷраҳои тиббию иҷтимоии зӯроварӣ нисбат ба занон – ҷанбаҳои меъёрӣ ва амалӣ” омӯзонида шуданд.  Дар маҷмӯъ, дар соли 2018 1039 нафар кормандони соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ дар мавзӯи “Вокуниши кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳангоми зуроварӣ дар оила” ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Дар соли 2018 дар ҳуҷраҳои занони аз зӯроварӣ ранҷкашида ба 142 нафар хизматрасонии тиббию равонӣ  расонида шуд.

Илова бар ин, дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ телефонҳои боварӣ ва ҳуҷраҳои кӯмаки психологӣ фаъолият менамоянд, ки  ба  ниёзмандон хизмат менамоянд ва ҳамаи зерсохторҳои масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои расонидани кӯмаки тиббӣ ба ҷабрдидагони  зӯроварӣ омода мебошанд.

Ғайр аз ин, дар доираи амалишавии «Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, таҳти №379 “Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” дар 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои оилаҳои камбизоат дар шароити деҳот ба занҳое, ки сарварии оила бар дӯши онҳо мебошад ва дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, таъйин ва пардохти ҷубронпулӣ барои истифодаи нерӯи барқ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2012, таҳти №724 «Дар бораи тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ» дар баробари дигар категорияҳои осебпазир ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ва ба шахсони аз ҳар гуна шаклҳои зӯроварӣ зарардида, аз ҷониби кормандони иҷтимоии шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, ки дар 41 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, хизматҳои иҷтимоӣ ҳангоми пайдо шудани зарурат пешниҳод карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва  «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ  дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2014-2023» пайваста  зери назорати роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 95
  • 1,219
  • 898,511