Қурбон Ҳакимзода: Табибони Хатлон ворисони арзандаи Синои бузурганд

Қурбон Ҳакимзода: Табибони Хатлон ворисони арзандаи Синои бузурганд
Август 17
10:09 2020

Дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо кормандони соҳаи тибби вилоят ба муносибати Иди касбии табибон баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон зимни суханронии худ дар ин вохӯрӣ қайд кард, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои меҳварии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

– Саломатӣ сарвати бебаҳо, омили рушди устувори ҷомеа, ҳолати солимӣ ва некӯаҳолии халқ инъикоскунандаи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фардои дурахшони ҳар як миллату давлат мебошад, – қайд кард Қурбон Ҳакимзода. – Маҳз ба шарофати сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи мазкур бесобиқа пешрафт намуда, заминаи моддию кадрӣ ва техникии муассисаҳои тиббӣ беҳтар гардонида шудаанд.

Зикр гардид, ки айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон шумораи муассисаҳои тиббӣ 1666  ададро ташкил дода, аз ин 1465 адади он дар деҳот ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Шумораи умумии табибон бо маълумоти олӣ 3852 ва бо маълумоти миёнаи тиббӣ 18841 нафар буда, онҳо усулҳои муосири ташхисию табобатиро дар муолиҷаи беморон роҳандозӣ намуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 941 иншооти соҳа, аз ҷумла 26 беморхона, 48 маркази саломатӣ, 143 бунгоҳи тиббӣ, 14 таваллудхона, 122 дорухона ва 136 нуқтаи хатна ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти ҷашнӣ бо маром идома дорад.

Дар вилоят барои рушди тибби хусусӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар сатҳи вилояти Хатлон шумораи муассисаҳои тиббии хусусӣ  110 адад, аз ҷумла Маркази тиббии Хатлон, Маркази “Даво” ва “Акси шифо” дар шаҳри Бохтар, инчунин 461 ҳуҷраи хусусӣ барои ба табобат фаро гирифтани беморон ташкил карда шудаанд, ки аз онҳо ҳуҷраҳои даҳонпизишкӣ 81 адад ва 50 адад ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадо бо истифода аз таҷҳизоти ҷадид ба мардум хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

Боиси тазаккур аст, ки дар вилоят созмон ёфтани марказҳои ташхисӣ ва муҷаҳҳаз гардидани онҳо бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ, мушкилоти аҳолиро дар самти хизматрасонии тиббӣ осон намуд.

Тавре ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, маблағгузории соҳа низ давра ба давра зиёд шуда, дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ барои пешрафти кори соҳа 255 миллиону 33 ҳазору 300 сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо гардидааст ва дастгириҳо дар ин самт идома доранд.

Раиси вилоят инчунин аз фаъолияти пурмаҳсули табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар давраи пандемияи коронавирус ёдоварӣ карда, ба онҳо барои он ки ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти ҳамватанон тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Дар ҳамоиши мазкур инчунин як қатор табибони ҳозиқ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи тандурустӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб, бахшида ба таҷлили зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Сипосномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин, дар ин маросим исми барандагони Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон – “Вориси Сино”, ки ҳамзамон 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дорад, эълон гардид. Бо ин ҷоиза Акрам Шералиев – табиби сироятшиноси шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи клиникии вилояти Хатлон, Наргис Ҳалимова – мудири шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Муродҷон Бобоҷонов  – табиби бемориҳои сироятии Маркази саломатии шаҳри Бохтар, Зебоннисо Раҳимова – сартабиби маркази саломатии деҳаи Дуконии шаҳри Норак, Абдукарим Шокиров – сартабиби беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб, Бозор Ашӯров – табиби маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сарфароз гардонида шуданд.

– Итминони комил дорем, ки ҳар яки Шумо ҳамчун ворисони Сино кору пайкори ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳониро идома дода, бо дарки масъулияти баланди касбӣ, инсондӯстию ватанпарастӣ, барои ҳарчи беҳтар гардидани тансиҳатию некуаҳволии мардум саҳми арзандаи худро мегузоред, – таъкид намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни шодбошии тамоми соҳибҷоизаҳо ва табибони вилоят.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 965
  • 1,242
  • 949,985