Ҳушдори табибон роҷеъ ба баланд шудани ҳарорати ҳаво

Июл 20
11:50 2017

Мувофиқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 40 дараҷа мерасад.

Табибон роҷеъ ба баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳанд, ки дар натиҷаи дуру дароз зери офтоб истодан ё баланд шудани ҳарорати ҳаво одамон метавонанд ба бемории гармизадагӣ  гирифтор шаванд. Бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ таби бадан баланд мешавад. Агар дар зери офтоб бисёр монанд, сӯхтани пӯсти бадан, пайдоиши обилачаҳо дар пӯст, инунин дарди сару қайкунӣ ба амал меояд.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои гарми офтобӣ одамон бояд аз обҳои тозае  истифода кунанд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои беҳдоштиянд. Нӯшидани оби зиёд барои пешгирии беобшавии ҷисм мусоидат мекунад. Ҳамзамон тавсия дода мешавад, ки  дар ин рӯзҳои гармо аз истеъмоли хӯрокҳои зуд вайроншаванда худдорӣ бояд кард. Бештар меваҳои тару тоза, шарбатҳои мева, обҳои минералиро истифода кардан ба маврид аст.

Дар ин рӯзҳо шахсоне, ки бемориҳои фишорбаландӣ, ишемии дил, диққи нафас ва ғайра доранд, шиддати гарморо бештар эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, бояд тавсияҳои табибонро риоя созанд ва дорувории заруриро саривақт истеъмол кунанд. Ҳамзамон дар ҷойҳои салқин, зери дарахтон, назди ҳавзҳо бошанд, то таъсири гармии офтоб камтар гардад.

Инчунин гармо метавонад ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар дошта бошад. Зеро ҷисми кӯдакон бисёртар аз об иборат аст ва дар рӯзҳои гарм метавонад мубодила ва мувозинати оби организми онҳо вайрон шавад. «Аз ин рӯ, аз ҳамаи падару модарон талаб карда мешавад, ки кӯдакони худро эҳтиёт кунанд ва дар ҷойҳои сояи зери дарахтон, назди кӯл ва ё ҳавзҳои хонаҳои худ нигоҳ доранд, ки таъсири гармо ба узвҳои дарунӣ зиёд набошад. Бахусус ба кӯдакон тез – тез нӯшонидани об тавсия дода мешавад. Оббозӣ низ дар кӯлу ҳавзҳо  ҳангоми гармии руз тавсия дода намешавад.

Табибон маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми  гармӣ, аз соати 11.00 то 16.00 бе зарурат ба кӯча набароянд. Дар ҳолати зарурӣ шаҳрвандонро лозим аст танҳо дар роҳравҳои соядор  гаштугузор кунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 694
  • 1,242
  • 949,714