Устухон захираи витаминҳо?

Устухон захираи витаминҳо?
Май 06
09:38 2019

Устухонҳои инсон новобаста аз сину сол метавонанд ба бемориву осеб рӯ ба рӯ омада, барои ҳаракати озодона монеа эҷод кунандАз баски устухонҳо ягона қисмати сахту устувори организм мебошанд, тамоми намуди ҳаракатҳои инсон аз ҳолати усутухонҳо вобаста мебошанд. Бо духтури устухоншинос Муҳаммад Аминов оид ба баъзе паҳлуҳои бемориҳои устухон суҳбат намудем.

Сараввал мехостам перомуни таърихи ин соҳаи тибби кишвар каме маълумот диҳед.

– Истилоҳи осебшиносӣ ё ин ки травматология аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш «травма»- ҷароҳат, иллат ва «логос» – таълимот дар бораи иллатҳо ба вуҷуд омадааст. Соли 1946 дар шаҳри Душанбе мутахассиси осебшинос-ортопед Боронбой И. С. дар асоси клиникаи ҷарроҳии факултативӣ шўъбаи мустақили осебшиносӣ-ортопедиро таъсис дод, ки баъди ин тайёр кардани мутахассисони риштаи осебшиносӣ ва ортопедия сар мешавад. Табобати шифохонагии чунин беморонро то он вақт ҷарроҳони умумӣ ба ўҳда доштанд, ки аз ин сабаб мӯҳлати шифоёбии беморон тўлонӣ мешуду дар натиҷаи оризаҳои баъди амалиёт маъюбӣ рух медод.  Зарурияти ташкили клиникаи мустақил ба вуҷуд омада буд. Соли 1958 дар қисмате аз шифохонаи шаҳрии №3 кафедраи осебшиносӣ ва ортопедияи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон кушода шуд.

Ташкилкунанда ва аввалин роҳбари кафедра, доктори илмҳои тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мутахассиси қобилиятнок ва олими ибтикорманд Локшина Елена Гавриловна (1918-1999) буд, ки то соли 1969 ба он роҳбарӣ намуд. Шурӯъ аз ҳамон замон ин бахши тандурустӣ дар кишварамон рушд намуда, имрӯз ба сатҳи баланд расидааст.

Вазифаи асосии устухонҳо кадом аст?

– Скелет ва ё устухонбандӣ қисми асосии таркиби бадани инсон аст, ки вай дар калонсолон зиёда аз 200 адад устухонро дар бар мегирад. Устухон аҳамияти муҳим дорад. Нафақат намуди зоҳирии аъзои бадан, балки сохти дохилии он низ аз бандубасти устухонҳо вобаста аст. Се вазифаи устухонҳо ҷудо карда шудааст: такягоҳ, муҳофизатгоҳ ва ҳаракат. Вазифаи такягоҳии устухонҳо дар натиҷаи ба қисмҳои алоҳидаи он часпидани бофтаҳои нарму узвҳо ба вуҷуд меояд. Вазифаи муҳофизатгоҳро баъзе қисмҳои скелет иҷро мекунанд, ки бо ҳамдигар пайваст шуда, барои узвҳои дохилӣ муҳофизатгоҳ мешаванд. Масалан, ковокии косахонаи сар, ки дар он мағзи сар ҷойгир аст, бо устухонҳо иҳота шудааст. Вазифаи ҳаракат бошад, ба аксарияти устухонҳо мушакҳо часпида, кашиш хурда, ҳаракатро ба вуҷуд меоранд.

Вазифаи биологии скелет аз он иборат аст, ки он дар мубодилаи  моддаҳо, хусусан намакҳои маъданӣ (калий, фосфор, магний) ва витаминҳои  А, Д ва С иштирок дорад, яъне устухон захираи намакҳои минералӣ ва витаминҳо мебошад. Дар таркиби устухони одам ҳаргуна сафеда, микроелементҳо (мисс, стронсий, рӯҳ, алюминий, барий, кремний, фтор ва ғ) мавҷуданд.

Аз ин устухонҳо кадомҳояшон имконияти бештар бемор шуданро доранд?

– Яке аз устухонҳое, ки имконияти  бештар  бемор шуданро дорад ин устухони гарданшакли рон мебошад, ки ба он номи Остеохондропатияи сараки устухони рон (дарди Легг-Калве-Пертес) гузошта шудааст.

Ин дардро Легг (с.1909), Пертес (с.1910) ва Калве (с.1916) дарди мустақил номидаанд, ба ин хотир онро ба номи муаллифон ёд мекунанд. Байни бемориҳои устухону тағоякҳо ин дард аз 0,17 то 17%  ва банду буғумҳо бошад то 23%-ро ташкил медиҳад. Сабаби пайдоиши ин бемории нестшавии бесирояти курдуси (терифизи) сари устухони рон то ҳол ошкор нашудааст. Вале ҳанӯз ҳам назарияҳои сироятӣ, осебӣ, мубодилаю ҳормонӣ ва ирсӣ вуҷуд доранду муҳокима мешаванд, аммо ҳеҷ кадоми онҳо  далелҳои  боварибахш надоранд. Нишонаҳои асосии бемор бо 2 роҳ муайян карда мешавад:

дард дар буғуми косу ронҳо ва дар акси рентгенологӣ

мавт ё ин ки хурдашавӣ (нест шудани сараки рон).

Табобати асосии бештари маврид гузаронидани  амалиёти ҷарроҳӣ, яъне тунелизасияи гарданаки рон буда, дар ҳолати беҳтар нашудан, эндопротезкунонии буғуми рон мебошад. Сабаби пайдошавии ин бемори бештар ирсӣ мебошад.

Дар бораи бемориҳои модарзодии устухонҳо ва роҳҳои табобати онҳо маълумот медодед?

– Яке аз бемориҳои бештар вохўрандаи нуқсони модарзодии устухонҳо ин нуқсони модарзодии ронҳо мебошад, ки асоси пайдошавии ин бемори аз насл ба насл, яъне ирсӣ мебошад. Ба таври доминантӣ ва ретсессивӣ асосан ҳангоми никоҳи хешу таборӣ мегузарад.

Нуқсонҳои модарзодии устухонҳоро дар шароити таввалудхона бояд ташхис намуд. Бо ин мақсад, ҳамаи тафлони навзодро дар ҳуҷраи алоҳидаи таваллудхона аз назар мегузаронанд. Ҳангоми ба миён омадани иштибоҳи осебшиносӣ ва ортопедӣ, духтури осебшинос ва ё ортопедро даъват намуда, кӯдакро муоина намудан лозим мебошад. Дар 3-4 ҳафтаи аввали ҳаёт, сипас такроран дар 3-солагӣ ҳамаи кўдаконро аз ташхиси мутахассиси ортопедияи кўдакона гузаронидан зарур аст. Беморӣ ҳар қадар барвақтар муайян карда шавад, табобат ва сиҳатёбӣ самарабахштар мегардад.

Оё барои табобати бемориҳои устухон ва банду буғумҳо дар тиб меъёри сину сол муайян  гардидааст?

– Бале, табобати чунин беморӣ ҳанӯз аз дар батни модар будани ҷанин шурӯъ мегардад. Ба ин мисол шуда метавонад бемории модарзодии ронҳо, агар мо ба ин беморӣ ҳангоми дар батни модар будани ҷанин диққат надиҳем, минбаъд дер хоҳем кард.

Инчунин ҳаминро бояд донист, ки дар организми ҷавон модаҳои органикӣ бештар нашъунамо мекунанд ва дар организми миёнсолон бошад, ин раванд сусттар аст. Аз ин хотир табобати бемориҳои марбут ба устухон дар организми ҷавон самараи хубтар медиҳад.

Барои пурқувват ва мустаҳкамтар намудани банду буғумҳои устухон бештар кадом маҳсулот ва ё дорувориҳоро истеъмол намуданамон мумкин аст?

– Ҳангоми лат хӯрдан ва ё шикастани устухонҳо, новобаста аз сину сол бояд аз маҳсулотҳои тиббию табии ба монанди маҳсулоти ширӣ – шир, ҷурғот, қаймоқ ва ғ., сабзавот – сабзӣ, карам, картошка ва ғ., маҳсулоти гӯштӣ:  гӯшт, каллапоча ва ғ., меваҳо – себ, хурмо, нок, ангур ва монанди инҳоро истифода бурдан лозим аст. Ҳамчунин барои пурқувват гардидани банду буғумҳои осебдидаю латхӯрда метавон аз доруҳои пешниҳоди духтурон истифода намуд. Одатан, дар ин гуна мавридҳо дорую дармонҳои таркибашон аз калсий бой тавсия карда мешаванд.

Нисбати табобати бемориҳои устухон ба воситаи тибби халқӣ чӣ андеша доред?

– Бояд ин қабил беморон ба табиби осебшинос муроҷиат намоянд, на ин ки ба табибони халқию шикастабанд, зеро аксар вақт табобат дар назди чунин табибон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад ва дар оянда метавонад боиси маъюбӣ гардад. Аксари чунин табибони ғайриилмӣ донишҳои амиқи заруриро надошта, аз тартиби банду бофтҳо маълумоти мушаххас надоранд ва бештар таваккалан амал мекунанд. Лекин, мавридҳое мешавад, ки духтуронро зарур меояд бо назардошти таҷрибаи табибони халқӣ бо онҳо ҳамкорӣ дошта бошанд.

Табобати бемориҳои устухон оё бо роҳи гиёҳдармонӣ натиҷаи баланд медиҳад, ё бо воситаҳои кимиёвӣ (дорувориҳо)?

– Гиёҳдармонӣ  ба мо аз аҷдодонамон мерос монда, дар замони Абўалӣ ибни Сино ба авҷи аъло расидааст. Аз қадимулайём барои табобат ва ҷо ба ҷогузории устухонҳои осебдида маводи дорувории аз гиёҳҳо тайёршуда истифода мегардид. Дар тибби муосир низ гиёҳдармонӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва роҳи самарабахштари табобат маҳсуб меёбад.

Ба рушди гиёҳдармонӣ дар мамлакат диққати махсус зоҳир шуда, аз тамоми гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони  азизамон  самаранок истифода мешавад. Дар маҷмўъ гирем, табобат вобаста ба таъиноташ бо ҳар кадоми ин роҳҳо натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Танҳо барои муолиҷаи бемор вақту замон, меъёру ченак ва намуди гиёҳ ё дорувории аниқ пешниҳод намудани мутахассис  лозим аст.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                     Шоҳин Иброҳимов

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                               

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,044
  • 1,263
  • 842,793