ВАҲДАТ: Корҳои таъмирӣ ва тармимӣ дар шӯъбаи бемориҳои сирояткунандаи Беморхонаи марказӣ

ВАҲДАТ: Корҳои таъмирӣ ва тармимӣ дар шӯъбаи бемориҳои сирояткунандаи Беморхонаи марказӣ
Март 29
17:37 2021

Агарчӣ  зуҳури  пандемияи COVID-19  барои сокинони сайёраи замин душвориву мушкилоти зиёде ба миён оварда, боиси коста гардидани як қатор соҳаҳои ҳаётан муҳим гардид, аммо дар ин миён бемории каронавируси нави COVID-19 ба соҳаҳои тандурустии кишварҳои олам такони ҷиддие бахшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи  ҷаҳонӣ аз таъсири ин вабои аср  дар канор намонд. Вале, хушбахтона, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ин бемории сироятӣ барои мардуми Тоҷикистон назар ба кишварҳои минтақа хисороти ками иқтисодӣ ва ҷонӣ  дар пай гузошт.

Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки дар ин давра бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии мамлакат ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Бунёди беморхонаҳои нав, аз таъмир баровардани муассисаҳои тиббӣ,  хосатан марказҳои бемориҳои сироятӣ ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тандурустӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ аз зумраи  иқдомоте мебошанд, ки дар ин давра аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ карда шуданд.

Дар доираи ин иқдомот тайи соли сипаригашта дар шаҳри Ваҳдат таъмиру тармим ва бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз намудани шӯъбаи бемориҳои сирояткунандаи Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат сурат гирифта, дар ин самт аллакай як қатор корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Махсусан, айни замон шӯъбаи эҳёи Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат пурра навсозӣ гардида, омодаи фаъолият мебошад. Инчунин, дар беморхонаи мазкур таъмиру тармими шӯъбаи бемориҳои сироятӣ идома дошта, дар назар аст, ки он рӯзҳои наздик ба истифода дода шавад.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, шуъбаи навбунёди эҳёи Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат дорои 10 кат ва ҳуҷраҳои корӣ буда, шуъбаи бемориҳои сироятӣ дорои 80 рахти хоб мебошад.

Ба гуфтаи мутахассисон,  таъмиру тармим ва бо муосиртарин таҷҳизот таъмин намудани  шӯъбаҳои беморхонаи мазкур ба беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳри Ваҳдат мусоидат хоҳанд намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 680
  • 1,242
  • 949,700