ВАШИНГТОН: вохурии Насим Олимзода бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ

ВАШИНГТОН: вохурии Насим Олимзода бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ
Октябр 29
12:34 2019

(Намое аз шаҳри Вашингтон, пойтахти  ИМА)

28 октябри соли равон ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода дар пойтахти Амрико шаҳри Вашингтон бо ноиби Президент оид ба рушди инсони Бонки Умумиҷаҳонӣ хонум Аннет Диксон ва  Директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Осиёи Миёна Вернер Грубер мулоқот намуд.

Зимни вохурӣ Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои ҳамаҷониба ва  даъват барои вохуриҳои сатҳи баланд ҷиҳати баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба Бонки Умумиҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни вохурӣ аз дастгириҳои пайвастаи соҳа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ёдовар шуда, қайд намуд, ки маҳз дар партави таваҷҷуҳи  доимии Сарвари давлат  то соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 500 муассисаҳои тандурустӣ бунёд карда хоҳанд шуд.

-Мехоҳам зиёда аз 20 соли ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳониро қайд намоям. Тавре ки шумо медонед, айни замон вазорат як лоиҳаи беҳтар кардани хизматрасонии тиббиро дар соҳаи тандурустӣ ва як лоиҳаро оид ба мустаҳкам кардани системаи амнияти иҷтимоӣ амалӣ карда истодааст.

Имрӯзҳо Лоиҳаи такмил додани хизматрасониҳои тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро шуда истодааст.

Лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои ибтидоии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар минтақаҳои интихобшудаи вилоятҳои Суғду Хатлон ва дар яке аз минтақаҳои ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Қисмати асосии лоиҳа барномаи озмоишии маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият дар сатҳи марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ мебошад, ки аз соли 2015 инҷониб амалӣ карда мешавад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта ва марказҳои тибби оилавӣ барқарор карда шуданд,-афзуд Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар вохурӣ махсус қайд гардид, ки бо шарофати саъю кӯшиш ва андешидани чораҳои саривақтӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 9 давлати нав, ки дар Бунёди Глобалии маблағгузорӣ иштирок мекунанд, шомил гардид.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суханронии хеш иброз намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии соҳа дар кишвар то соли 2030 ба таври пурра пешгирӣ намудани марги модару кӯдак, наврасон ва таъмин намудани ҳифзи саломатии ҳар кадоми онҳо мебошад.

Дар анҷоми суханронии хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода аз Бонки Умумиҷаҳонӣ даъват ба амал овард то, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишварро  бо ҷалби сармоягузорӣ идома дода, инчунин, омодагии худро барои ҳамкории дарозмуддат изҳор намояд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 598
  • 1,242
  • 949,618