“Вазъ ва дурнамои рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (АКС)

“Вазъ ва дурнамои рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (АКС)
Ноябр 22
13:21 2019

Имрӯз, 22 ноябри соли равон бахшида ба 20- солагии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” таҳти унвони “Вазъ ва дурнамои рушди тибби оилавӣ” конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ муҳокима гардида, қадамҳои минбаъда барои солҳои 2020-2030 муайян карда шуданд.

Дар конфронси мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода,  намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария, шарикони рушд ва дигар намояндагони вазорат иштирок намуданд.

Қабл аз оғози конфронс аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ба ду нафар аз собиқадорони соҳаи тандурустӣ, ки дар омода намудани кадрҳои ҷавон ва рушди соҳаи тибби тоҷик саҳми намоён гузоштаанд, академик Ғиёсиддин Меъроҷов ва профессор Набиҷон Ҳомидов барои ба синни 85 расиданашон дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки ислоҳоти соҳаи тандурустӣ эҳтиёҷоти воқеӣ ҷиҳати гузариш ба системаи камхарҷӣ, ташкили кӯмаки амбулаторию дармонгоҳӣ, таҷдиди он ба таври фардию оилавӣ ба миён омада, фармоиши иҷтимоӣ ҷиҳати воридсозии тибби оилавӣ-системаи табобатию профилактикии аҳолӣ, ки асоси онро табиб ва ҳамшираи тибби оилавӣ ташкил медиҳад, ташаккул ёфта истодааст.

Ҳамзамон, дар идомаи конфронс Бандаев И.С., Директори Муассисаи давлавтии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” дар мавзӯъи  “Натиҷаҳои татбиқи стратегияи рушди КАТС аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, Анне Йохансен, роҳбари Маркази Аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ  дар мавзӯъи “Тартиби тандурустӣ, ки ба эҳтиёҷоти аҳолӣ нигаронида шудааст ва нақши КАТС дар минтақаи Аврупоии ТУТ”, профессор Ренато Галеатси, мушовири Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии  Швейтсария оид ба  “Таҳсилоти мутаассили мутахассисони тибби оилавӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.

Аз нигоҳи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз воситаҳои пешбаранда ва асосӣ ҷиҳати расидан ба стратегияи солимии омма мебошад, зеро КАТС вазифаҳои асосии соҳаи тандурустиро иҷро намуда, қисмати онро ташкил медиҳад ва ҷузъи ҷудонашавандаи тамоми равандҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Маврид ба  зикр аст, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ фаъолият менамоянд (як Маркази ҷумҳуриявӣ, се маркази вилоятӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд) ва 11 шӯъбаи таълимию клиникии тибби оилавии шаҳру ноҳияҳо (шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Кӯлоб, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Данғара, Шаҳритус, Рашт, Шаҳринав ва Рӯдакӣ).

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» соли 1998 дар заминаи кафедраи тибби оилавии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон ҳамчун «Маркази ҷумҳуриявии тибби оилавӣ» таъсис дода шудааст.

Дар Марказ намудҳои зерини нақшавӣ ва ғайринақшавии таҳсили баъдидипломӣ дар асоси дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал оварда мешаванд:

– ихтисосгирӣ оид ба тибби оилавӣ барои шахсони  маълумоти олии тиббӣ дошта;

– ихтисосгирӣ оид ба ҳамшира (бародари) шафқати оилавӣ барои шахсони маълумоти миёнаи касбии тиббӣ дошта;

– такмили ихтисос барои табибон  ва ҳамшираҳои оилавӣ;

–  гузаронидани давраҳои сайёри таълимӣ;

– гузаронидани марҳилаи интернатура барои табибони оилавӣ;

– семинарҳо.

Марказ дорои китобхона буда, дар он 3407 адад китобҳои тахассусӣ мавҷуданд ва аз соли 2011 то 2015 боз 407 адад китоб харидорӣ  шудааст.

Бо мақсади расонидани кӯмаки дастурию методӣ ба сохторҳои вилоятию байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавӣ ва марказҳои саломатии шаҳрию ноҳиявӣ дар асоси Нақшаи кории Марказ маъмурият ва кормандони алоқаманд мунтазам ба муассисаҳои КАТС-и ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари хизматӣ анҷом дода, мачмӯи чорабиниҳои ташкилию методӣ, таҳлили амиқи вазъияти мавҷудаи минтақаҳоро ба сомон мерасонанд. Дар баробари ин, дар имтиҳонҳои хатми даврҳои бозомӯзӣ мунтазам ширкат варзида, дар раванди воридсозии усулҳои муосири таълимӣ, ташхису табобат ва пешгирии бемориҳо дар сатҳи шабакаи муассисаҳои  КАТС кӯмаки ташкилию методӣ мерасонанд.

Дар маҷмӯъ, айни ҳол шумораи табибони оилавии омӯзонидашудаи шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 4352 нафар (81,6%, талабот 5333 нафар) ва кормандони миёнаи тибби оилавӣ 8155 нафарро (76,4%, талабот 10 667 нафар) ташкил медиҳанд.

Имтиёзҳо барои мутахассисони тибби оилавӣ муайян гардидаанд, ки ин ҷудо намудани қитъаи замин барои мутахассисони ҷавон дар ноҳияҳо ва қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок мебошад.

Аз соли 2010 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба КАТС таъсис дода шудааст ва пурра тамоми масъалаҳои ҳалталаб, алалхусус, таълими табибони оилавӣ дар сатҳи то ва баъдидипломӣ, ташкили шароитҳои кории муносиб дар муассисаҳои КАТС, идоракунии муассисаҳои КАТС ва ворид намудани бизнеснақшагирӣ дида баромада шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ҳамасола рафти воридсозӣ ва фаъолияти мутахассисони тибби оилавӣ дар ҷаласаҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба КАТС оид ба рушд баррасӣ карда мешаванд.

Дастрасӣ ва истифодаи пурраи дастгоҳҳо, имконият ва амалиётҳои ташхисию табобатӣ ба мутахасисони тибби оилавӣ дар сатҳи КАТС беҳтар гардида, 1300 борхалтаҳои табиби оилавӣ ва 1450 борхалтаҳои ҳамшираҳои шафқат барои мутахасисони тибби оилавӣ харидорӣ ва дастрас карда шуданд.

Оид ба таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи муассисаҳои КАТС кор бо муассисаҳои КАТС-и шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуда, аз тарафи мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиники тибби оилавӣ ба менеҷерони КАТС кӯмаки ташкилию дастурӣ оид ба беҳтар намудани сифати кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ расонида мешавад.

Ҳамин тариқ, тамоми пешравиҳо ва мушкилотҳои ҷойдоштаро ба назар гирифта, баҳри беҳтар вусъат додани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ “Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, таҳти №317 қабул карда шуд.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиники тибби оилавӣ” лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо дар раванди рушди тибби оилавиро бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи Федератсияи Россия, Украина, ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тибби оилавӣ (WONCA) ва Коллеҷи табибони оилавии Британияи Кабир ба имзо расонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 675
  • 1,242
  • 949,695