Вазъ ва раванди тибби оилавӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд

Вазъ ва раванди тибби оилавӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд
Август 30
12:14 2017

Дар ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде қабл баргузор гардид, масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорат ҳамзамон масоили коррупсионӣ ва роҳу усулҳои решакан намудани ин зуҳурот дар соҳа бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои вазъ ва дурнамои ба тариқи зарурӣ ҷорӣ гардидани тибби оилавӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ мавриди таҳлилу омузиш қарор гирифт.

Ҷараёни тадбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи стратегии Рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” масъалаи рӯзмарраи ҷаласа қарор дода шуд.

Таҳлили раванди татбиқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятие, ки тибқи шартномаҳо фаъолият менамоянд масъалаи дигаре буд, ки дар ҷаласаи   мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732