“Иваз намудани ваксинаи сурхча-гулафшон ба ваксинаи сурхча-баногӯшак гулафшон»

“Иваз намудани ваксинаи сурхча-гулафшон ба ваксинаи сурхча-баногӯшак гулафшон»
Ноябр 24
08:21 2020

Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон    ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Тақвими миллии иммунизатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади “Иваз намудани ваксинаи сурхча-гулафшон ба ваксинаи сурхча-баногӯшак гулафшон» мизи мудаввар доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, намояндагони сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зимни ифтитоҳи мизи мудаввар иброз дошт, ки мақсади асосии  чорабинии имрӯза баланд бардоштани иқтидори иттилоотнокии васоити ахбори омма вобаста ба масъалаҳои иммунизатсия, пурзӯр намудани тарғиботу ташвиқот дар байни аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ ва пешниҳод намудани маълумот дар бораи иваз намудани ваксинаи сурхча-гулафшон ба ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ сиёсати ягонаи давлатӣ, ба монанди Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул гардиданд, ки онҳо барои такмили системаи иммунопрофилактика дар қаламрави ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани саломатии кӯдакон равона шудаанд.

Қайд  карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 Конвенсияи ҳуқуқҳои кӯдакро имзо намуд ва аз соли 1993 оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон уҳдадорӣ гирифт. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ гардида, бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ, ба монанди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Агентии рушди байналмиллалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар донорҳо ба татбиқи нақшаю стратегияҳо оид ба пасткунӣ ва ё маҳв намудани бемориҳои  сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда  оғоз намуд.

Таъкид гардид, ки новобаста аз он, ки дар мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шуда бошанд ҳам, ташкил ва гузарондани чорабиниҳои профилактикӣ бояд мунтазам, сифатнок ва бо истифода аз пешравиҳои ҳозиразамони соҳа амалӣ гардонида шаванд. Дар айни ҳол, хатари хуруҷи бемориҳои сироятӣ ба пуррагӣ аз байн бурда нашудааст, бо назардошти мавҷудияти ин хатар, зарурияти мунтазами роҳбарикунӣ, таъминоти устувории молиявӣ барои харидории ваксинаҳо ва маводҳои иммунизатсионӣ, ташкили назорати босифати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои дар таҳти назоратбуда, бурдани ташвиқоту тарғибот дар байни аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия лозим мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 65
  • 989
  • 887,419