Январ 25
17:30
2021
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Маркази тиббии шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе ва ҷараёни корҳои таъмирии шӯъбаҳои эҳё ва наҷоти маркази мазкур дидан намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дигар шӯъбаҳои маркази мазкур пас аз таъмир ва ҷиҳозонидан бо таҷҳизоти муосир фаъолият намуда истодаанд ва корҳои таъмирӣ дар шӯъбаҳои эҳё ва наҷоти он бомаром идома доранд.
Аснои боздид аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои таъмирӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки пас аз таъмир шӯъбаҳои мазкур бо таҷҳизоти муосир таъмин карда хоҳанд шуд.