Вазорати корҳои хориҷӣ: 3 нафар бо хоҳиши худ аз сафар худдорӣ намуда, ба 7 нафари дигар бинобар доштани таби баланд ба сафар иҷозат дода нашуд

Вазорати корҳои хориҷӣ: 3 нафар бо хоҳиши худ аз сафар худдорӣ намуда, ба 7 нафари дигар бинобар доштани таби баланд ба сафар иҷозат дода нашуд
Феврал 11
14:08 2020

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз соати 6-и  субҳ 46 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд,  тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» ба ватан баргардонида шуданд.

Бино ба иттилои Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 10 феврал муроҷиати 56 нафар донишҷӯён барои аз Чин ба Тоҷикистон баргардонидан  ба қайд гирифта шуда, баъдан  3 нафар бо хоҳиши худ аз сафар худдорӣ намуданд. Вале 7 нафари дигар бо сабаби доштани таби баланд аз сафар боздошта шуда, мавриди ташхис қарор гирифтанд.

Аммо  ин маънои онро надорад, ки ин нафарон гирифтори бемории коронавирус мебошанд. Зеро тибқи талаботи карантинӣ, ки дар шаҳри Ухан ҷорӣ аст, нафароне, ки таби баланд доранд, дар ҳолати карантинӣ қарор дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 46 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ба Ватан баргаштанд, дар Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  «Харангон»-и ноҳияи Варзоб давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд. Ду гурӯҳ табибон бо навбат ба муоинаи бистаришудагон машғул хоҳанд шуд. Бистаришудагон се вақт бо хӯроки гарм таъмин шуда, ҳамарӯза ҳолати саломатии онҳо 3-4 маротиба муоина карда мешавад.

Ҳамзамон дар баробари шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан баргашта 17 нафар шахсони масъуле, ки онҳоро ҳамроҳӣ намуданд, низ ба ҳолати карантинӣ  фаро гирифта мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 737
  • 1,242
  • 949,757