Вобаста ба баланд бардоштани сифати назорати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид

Вобаста ба баланд бардоштани сифати назорати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид
Июл 12
16:37 2021

Имрӯз, 12 июли соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” оид ба баланд бардоштани сифати назорати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони раёсатҳои тандурустии ш. Душанбе, вилоятҳо, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятӣ   ва филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳои  ба воситаи иммунизатсия идорашаванда яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин, пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ тавассути иммунизатсияи мунтазам паст карда мешавад.

Бо мақсади таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирӣ намудани пайдоиш, гардиш ва гузариши вирусҳои сурхча ва гулафшон ва элиминатсияи бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ (АГМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи иҷроиши “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 таҳти №51 тасдиқ гардида ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2016, № 902 «Оид ба такмилдиҳии системаи назорати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидааст, дар мамлакат назорати эпидемиологӣ пурзӯр карда шудааст.

Аз ин рӯ, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июли соли 2021, №599 “Оид ба гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ” бо мақсади баланд бардоштани сифати назорати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12 то 24 июли соли ҷорӣ дар байни кормандони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, иммунопрофилактика ва муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, ки дар умум 3193 нафар бояд ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 636
  • 1,242
  • 949,656