Вобаста ба паҳншавии омилҳои хавф барои бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҷаласаи корӣ доир гашт

Вобаста ба паҳншавии омилҳои хавф барои бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҷаласаи корӣ доир гашт
Апрел 03
14:41 2024
2-юми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода оид ба паҳншавии омилҳои хавф барои бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
 Тавре зикр гардид, бемориҳои ғайрисироятӣ сабаби асосии марги бармаҳал ва бемориҳо дар минтақаи аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDG) ҳадафи 3.4 то соли 2030 аз се як ҳиссаи коҳиш додани марги бармаҳал аз бемориҳои сироятӣ ба шумор мераванд.
 Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати кохиш додани сатҳи гирифтории шаҳрвандон ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ «Стратегияи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳо ва ҷароҳатҳои ғайрисироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» амалӣ карда шуд.
Дар ин раванд, соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Татқиқоти «Паҳншавии омилҳои хатари бемориҳои ғайрисироятӣ» (STEPS) дар байни калонсолони синни 18-69 сола (2718 нафар) бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) гузаронида шуд.
Дар идомаи ҷаласаи корӣ аз ҷониби иштирокчиён доир ба масъалаи мазкур маърӯзаҳо пешниҳод гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 280
  • 1,242
  • 949,300