Имрӯз, 14 декабри соли равон дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе ҷаласаи кории якҷояи Шӯрои байниидоравии ҳамоҳангсозӣ оид ба тавонбахшӣ ва технологияҳои ассистивӣ ва гурӯи кории байниидоравӣ оид ба таҳия намудани лоиҳаҳои “Нақшаи амали “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар самти тавонбахшӣ ва технологияҳои ассистивӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсат ва шӯъбаҳои вазорат, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, махусан маъюбон аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат андешаронӣ кард.
Ҳамин тавр, дар ҷаласа як қатор иштирокчиён доир ба муаррифии Нақшаи амал оид ба тавонбахшӣ ва технологияи ассистивӣ, вазифаҳо ва қадамҳои минбаъда вобаста ба амалинамоии Нақшаи амали “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар самти тавонбахшӣ ва технологияҳои ассистивӣ баромад намуданд.