Вобаста ба ташкили Комиссияҳои тиббии даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ чорабинӣ баргузор гардид

Вобаста ба  ташкили Комиссияҳои тиббии даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ чорабинӣ баргузор гардид
Сентябр 29
15:22 2017

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои Вазорати  тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии   аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси комиссияҳои тиббии даъвати тирамоҳии соли 2017 дар комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳуриявӣ ва вилоятию шаҳру  ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Азиз Одиназода, муовини вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии   аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарух Хайруллозода,  майори адлияи Сарпрокуратураи ҳарбии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯҳсон Одиназода,  сардори Раёсати ташкил ва сафарбарии қувваҳои мусаллаҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдукомил Азизов,    табиби калони Камиссияи тиббии даъватии назоратии Комисариати ҳарбии муттаҳидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ва дигар масъулони идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Гуфта мешавад чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои банди 7 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2017,   «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар асоси банди 10 Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   тасдиқ шудааст,  сурат гирифт.

Дар чорабинии мазкур  Комиссияи назоратӣ-тиббии даъватии Комиссариати ҳарбии муттаҳидаи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи балад гузаштани муоинаи тиббии шахсони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда пурмасъул бошанд. Ба роҳбарони муассисаҳои шифоию беҳдоштӣ ва сармутахассисони ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки муоинаи саривақтӣ ва махсусгардонидашуда, инчунин, табобати даъватшавандагонеро, ки бо роҳхати (санади) комиссияҳои тиббии даъватии комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳуриявӣ, вилоятию шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои шифоию беҳдоштӣ ва ташхисӣ равон карда шудаанд, ба тарзи ройгон таъмин намоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 104
  • 1,219
  • 898,520