Вохӯрии аъзои Шӯрои машваратии Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон”

Вохӯрии аъзои Шӯрои машваратии Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон”
Декабр 03
11:57 2020

Дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе нахустин вохӯрии аъзои тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратии Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Нишастро Аслиддин Раҷабзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида, аъзои Шӯрои машваратиро ба муносибати ба ин вазифаи пурмасъулият интихоб шуданашон таҳният гуфта, барояшон дар фаъолиятҳои зиддисилӣ барор хост. Ҳамзамон, Аслиддин Раҷабзода ба зарурату тақвияти ҳамкориву ҳамгироӣ дар самти мубориза бар зидди бемории сил таъкид намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки пандемияи COVID-19 набояд таваҷҷуҳи моро аз бемории сил дур созад, балки ин аз мо тақозо мекунад, ки беш аз пеш нерумандтар, муттаҳидтар, масъулиятноктар бошем ва барои ояндаи неки ҷомеа самимона ва сидқан кор кунем. Инчунин, номбурда зикр намуд, ки нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва умуман ҷомеа дар пешгирӣ, дарёфт ва кӯмак барои табобати шахсони бемори сил хеле муҳим аст.

Пасон, Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” суханронӣ намуда, аъзои тозаинтихобшударо бо сохтори идорӣ, дурнамо ва мақсаду ҳадафҳои ассотсиатсия шинос намуд.

Зимни маърӯзаи худ Марифат Абдуллаева, мушовири Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” аъзои Шӯрои машваратиро бо вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳояшон ошно карда, нақши онҳоро дар пешрафти ассотсиатсия ва пешбурди фаъолиятҳои адвокатсионӣ муассир арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, вобаста ба мавзӯъҳои мазкур Марифат Абдуллаева бо аъзои навинтихоб кори гурӯҳӣ ва саволу ҷавобҳо гузаронида, ҳамин тариқ барои онҳо омӯзиши кӯтоҳе баргузор намуд.

Истифода аз технологияҳои навин ва воситаҳои инноватсионӣ дар дарёфт, дастгирӣ ва кумак дар табаботи беморони сил яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ассотсиатсия мебошад. Яке аз чунин фанновариҳо барномаи мобилии OneImpact Tajikistan аст, ки нахустин бор дар ҷаҳон соли 2017 аз тарафи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” роҳандозӣ карда шуд ва ҳоло дар бисёре аз кишварҳо мавриди истифода қарор дорад. Дар нишаст Абдусамад Латифов, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои ассотсиатсия нусхаи такмилёфтаи барномаро рӯнамоӣ карда, дар бораи тамоми қисматҳои он ба таври  муфассал маълумот дод. Номбурда зикр намуд, ки барнома фарогири тамоми маълумотҳои заруриву саҳеҳ дар бораи ҳама ҷанбаҳои бемории сил буда, дар наздиктарин фурсат маълумот дар бораи ВНМО/БПНМ, гепатитҳои вирусӣ ва COVID-19 низ ҷойгир карда мешаванд.

Зикр гардид, ки барномаи мобилии OneImpact Tajikistan дар мониторинги ҷамъиятӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳинокии аҳолӣ дар бораи сил, дарёфту ташхиси саривақтӣ, дастгирии равониву иҷтимоӣ ва иштироки худи шахсони бемори сил дар раванди табобат дастрас, осон, камхарҷ ва самаранок мебошад.

Дар анҷоми нишаст номзадии се нафар аъзои тозаинтихоб ба вазифаи раиси Шӯрои машваратӣ пешниҳод гардид, ки интихоби онҳо аз ҷониби аъзои ассотсиатсия ба таври онлайн сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки барномаи мобилии OneImpact Tajikistan барои боргириву истифода дар Play Market ва App Store ройгон дастрас мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 973
  • 1,242
  • 949,993