Вохурӣ бо ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Вохурӣ бо ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон
Август 23
15:17 2024

Имрӯз, 23-юми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Раиси донишгоҳи мазкур Алиризо Золӣ Вохурӣ намуд. Дар вохурӣ ҳамзамон муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии  кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Муҳиддин, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ва сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода нахуст меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, иброз  дошт, ки имрӯзҳо сатҳи баланди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоми самтҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  бешубҳа барои  кишвари мо яке аз афзалиятҳои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ яке аз беҳтарин мактабҳои тиббию таълимии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумор меравад, ки дорои факултаҳо ва марказҳои тадқиқотӣ мебошад ва дар он олимон ва донишҷӯён дар риштаҳои гуногуни тиб омӯзиш мегузаронанд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои калонтарини таълимӣ ва илмию амалии кишвар-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳисоб меравад, ки мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи тибро омода месозад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо  ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омӯзиш, бозомӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмию амалии якдигар, машварат ва гуфтугӯ ҷиҳати рушду равнақ додани ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо, ҳамкориҳо байни муассисаҳои тиббӣ ва тиббию илмӣ дар самти мубодилаи таҷриба, бозомӯзии мутахассисони тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мутахассисони эронӣ дар кишвари мо, тайёр кардани мутахассисони илмию амалиявии соҳаи тандурустӣ аз рӯи ихтисосҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо эҳтиёҷоти зиёд аст  ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот  байни  Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии  кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷиҳати ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисони соҳа Созмшномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамзамон, дар поёни вохурӣ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Раҷабов Дориюш Раҷабович, номзади илмҳои тиб, духтури дараҷаи олӣ, ангиоҷарроҳ, корманди Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”, ки курси шашмоҳаи эндоваскуляриро дар донишгоҳи мазкур гузаштааст, дипломи байналмилалӣ  супорида шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 875
  • 1,236
  • 1,023,179