Вохурӣ бо гурӯҳи табибони Полша

Вохурӣ бо гурӯҳи табибони Полша
Июн 08
09:39 2020

Имрӯз, 8 июни соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷуҳмурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи калони табибони Полша, ки шоми 6 июн ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф оварданд, вохурӣ намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Полша ёдовар шуда, ташрифи табибони ин кишварро ба мамлакат идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки баъд аз ташрифи ҳайати техникии СУТ ба Тоҷикистон 1-11 майи соли равон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби коршиносони Бюрои минтақавии СУТ ҳисобот ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Яке аз он тавсияҳо даъвати гурӯҳҳои сайёри фавқулодда бо мақсади фаъолияти якҷоя бо мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон буд.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи майи соли равон  бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тандурустии Чин  — асосан табибон дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  коронавируси COVID-19 аз Чин ба пойтахти мамлакат ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин, бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Чин дар Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ   (ИВЛ),  Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ — 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил ва аз ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони Ҳамкории Шанхайи Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти болозикр зиёда аз 3000 реагенти кислотаи нуклеин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак намуданд. Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти тиббии дастрасшуда, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  коронавируси COVID-19 ва муолиҷаи гирифторони ин беморӣ пешбинӣ шудаанд, ба муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе супорида шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута тамоми талош ва кӯшишҳои худро дар роҳи пешгирии бемории вируси нави COVID-19 равона карда истодаанд, то ҳарчӣ зудтар пеши роҳи он гирифта шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 574
  • 1,242
  • 949,594