Вохурӣ бо мақсади татбиқи босамари лоиҳаи TEC-19

Вохурӣ бо мақсади татбиқи босамари лоиҳаи TEC-19
Феврал 03
13:20 2022

Бо мақсади  арзёбии самаранокии татбиқи лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (TEC-19), пешниҳоди хулосаи объективӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба минбаъд беҳтар намудани сифати фаъолияти лоиҳаи мазкур вохурии намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (ТЕС-19) бо намояндагони Маркази тадқиқотӣ-таҳлилии «Зеркало», ки ҳамчун мониторинги тарафи сеюм (МТС) ҷалб карда  шудааст, баргузор гардид.

Мақсади вохӯрӣ-ин муҳокимаи натиҷаҳои бадастовардаи кории гурӯҳи мониторинги тарафи сеюм (МТС) ва хамчунин таъсиси Гурӯҳи кории муштарак мебошад, ки бояд бо иштироки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи Татбиқи лоиҳаи ТЕС-19 ва «Зеркало» дар таҳияи минбаъдаи механизми фарогирӣ ва иртибот ба ҷомеа фаъолият барад ва вокунишро ба саволҳои муҳимтарини сокинон нисбати сирояти коронавирус пешниход намояд.

Иштирокчиён чораҳои минбаъдаи муштарак ва роҳҳои беҳтар кардани ҳамкориҳо бо мардуми кишварро дар мубориза бар зидди сирояти коронавирус  баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки айни замон веб-сайти covid.zerkalo.tj таъсис дода шудааст, ки дар он хабарҳо оид ба ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ва Мониторинги сеюм ҷой дода мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 718
  • 1,242
  • 949,738