Вохурӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран

Вохурӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран
Май 28
08:41 2021

27 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран вохурӣ намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот иброз намуд, ки ҳамкорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  кишвари Фаронса дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан ривоҷ меёбанд ва  вохурии мазкур барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба  ки ҳадафи асосии  мулоқоти имрӯза мебошад, мусоидат менамояд.

Қайд гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо, ки дар он саҳми Ҷумҳурии Фаронса низ хеле калон аст, якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷиҳати татбиқи самараноки Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», гузаронидани таҳлили сиёсати тандурустӣ ва рушди «Системаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ» бомуваффақият амалӣ шуданд.

Бояд  гуфт, ки саҳми мутахассисони фаронсавӣ ҷиҳати омӯзонидани  мутахассисони тоҷик оид ба кор намудан бо технологияи ҳозиразамон ва усулҳои нави ташхис  хеле назаррас мебошад.

Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ омодаи тақвияти ҳамкориҳо бо Хазинаи Мериё  мебошад ва боварӣ дорад, ки ҳамаи уҳдадориҳое, ки дар доираи ин созишнома ба Хазинаи Мериё вогузор карда шудаанд, амалӣ  карда мешаванд, ки ин барои дастгирии сохтори озмоишгоҳ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба ташхиси тиббии баландсифат ва хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд.

Дар маҷмӯъ, вохурии  мазкур  барои ҳамкориҳои судманд дар раванди рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса  заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 717
  • 1,242
  • 949,737