Вохурӣ бо Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов

Вохурӣ бо Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов
Март 10
17:29 2021

Имрӯз, 10 марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов  доир гардид.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Федератсияи Россия изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Зимни вохурӣ Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов  иттилоъ дод, ки бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид, рӯзҳои наздик ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мутахассисони Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия-Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.

Дар ҷараёни сафари кории хеш ба Тоҷикистон дар назар аст, ки мутахассисони  Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия-Роспотребнадзор аз озмоишгоҳҳои кишвар боздид намуда, ҳамзамон, бо табибони тоҷик вохурӣ  ва табодули таҷриба намоянд.

Вохурӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 970
  • 1,242
  • 949,990