Вохурӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Вохурӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ
Ноябр 18
16:27 2023
17 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Қиёмиддин Шовалӣ бо устодону донишҷӯёни ин даргоҳ вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ баргузор гардид.
Тавре қайд гардид, дар меҳвари сиёсати имрўзаи иҷтимоии кишварамон масъалаҳои ҳолатҳои зиддикоррупсионӣ, аввалиндараҷа ба шумор рафта, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини некўаҳволии мардуми кишвар ва барои муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно муассир ва тақдирсоз боқӣ мемонад.
Аз ин хотир, муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани ин сиёсат райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои пешбурди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат тавассути мукаммалсозии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи хавфҳои коррупсионӣ фаъолиятро идома дода, ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббию иҷтимоии муосир ва тайёр кардани кадрҳои тиббӣ чорабиниҳои мушаххасро анҷом дода истодааст.
Дар вохурӣ қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванди мамлкат бояд дар самти пешгирии ин падидаи номатлуб саҳми хешро гузорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 645
  • 1,242
  • 949,665