
Имрӯз, 2 марти соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко, ки дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, вохурӣ намуд.
Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Михаил Албертович Мурашкоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.
Махсусан, Ҷамолиддин Абдуллозода ба вазири тандурустии Федератсияи Россия барои расонидани кӯмак дар давраи пандемияи COVID-19 ба соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии амиқи хешро баҳри густариши ҳамкориҳо иброз доштанд.
Дар охир ҳамчун арзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.