Вохурӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб

Вохурӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб
Феврал 24
10:26 2024

Бо мақсади амалӣ намудани нақша-чорабинҳо вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили терроризму экстремизм ва коррупсия вохурии сардори шӯъбаи мубориза бар зидди терроризми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонзода Илҳом, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Насрутдинзода Қиёмиддин ва сарнозири ҳамин раёсат, полковники адлия Файзуллозода Баҳрулло, инчунин масъулини Шӯъбаи ҳуқуқи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии  “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” баргузор гашт.

Қайд карда шуд, ки  соли 2024 дар мамлакат бо ташаббус ва пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид ва ин иқдоми хирадмандонаи Роҳбари давлат бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Ҳамзамон, зимни вохурӣ иштирокчиён доир ба роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм, коррупсия ва дигар амалҳои номатлуб маърӯза намуда, иброз доштанд, ки мубориза бар зидди чунин падидаҳои хатарзо қарзи шаҳрвандии  ҳар як шахси худшиносу худгоҳ ба шумор  меравад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 615
  • 1,242
  • 949,635