Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Адҳам Мусаллам

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Адҳам Мусаллам
Феврал 09
17:29 2024

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 9 феврали соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам вохурӣ намуд.

Тавре зикр гардид, амнияти озуқа ва ғизои солим вазифаи 3-юми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муҳимияти ин масъаларо ба назар гирифта, масъалаи амнияти озуқа ва ғизои солим ҳамчун самти афзалиятноки “Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030”дарҷ гардидааст. Дар раванди ҳалли ин масъалаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии меъёриро қабул намудаааст, ки  айни замон онҳо фаъолият доранд.

Қайд карда шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ)  барномаи “Пешгирӣ ва табобати норасогии шадиди ғизоии миёна”-ро мувофиқи дастурамалҳои миллӣ аз соли 2017 инҷониб татбиқ карда истодааст.

Дигар самти ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид – ин ташкили ғизои мактабӣ мебошад, ки яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии он зина ба зина мустаҳкам гардида истодааст.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 740
  • 1,242
  • 949,760