Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ
Сентябр 01
14:09 2024
Имрӯз, 1-уми сентябри соли равон  пас аз тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, ректори Донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, муовинони ректор, ҳайати профессорону омӯзгорон ва доираи васеи донишҷӯён, дар маҷмуъ, беш аз 1600 нафар чорабинии тантанавӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи дониш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло суханронӣ намуда, оид моҳияти таҷлили Рӯзи дониш бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, вобаста ба аҳаммияти сулҳу оромӣ, мактабу маориф, таълиму тарбия андешаронӣ карданд.
Аз ҷумла, чунин иброз доштанд: «Рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».
Бояд гуфт, ки таҷлили Рӯзи дониш бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани эҳтироми зиёди роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақому мартабаи баланди илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне, насли ояндасози миллат мебошад.
Дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи дониш ректори Донишгоҳ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ низ баромад карда, аз дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, хоса, маорифу тандурустӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба рушду инкишофи маориф ва тандурустӣ ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок ҳамеша диқққату эътибори ҷиддӣ дода, дар ин росто қарору қонунҳои зиёдеро қабул ва роҳандозӣ менамояд».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 481
  • 1,236
  • 1,022,785