COVID-19. Бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар ВМКБ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд

COVID-19. Бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар ВМКБ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд
Июл 02
10:21 2021

Тибқи иттилои Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  маъракаи эмкунӣ бар зидди бемории сироятии КОВИД-19 оғоз ёфта,  табибон хона ба хона гашта, шахсони аз 60 — сола болоро сабти ном карда, онҳоро  даъват намуданд, ки барои гирифтани ваксина ба бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии маҳалли истиқоматашон муроҷиат намоянд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файзи Мирасан иттилоъ медиҳад, ҳамзамон мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни санҷиши вазъи санитарӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ аз соҳибкорону тоҷирон ва харидорон даъват карданд, ки чораҳои беҳдоштиро қатъиян риоя кунанд. Зеро фориғболию бепарвоии сокинон нисбат ба ин бемории сироятӣ яке аз сабабҳои паҳншавии он мебошад.

 Мутахассиси маркази мазкур Лайло Имомназарова гуфт, ки мутаассифона, фурӯшандагону харидорони бозори марказӣ бемории КОВИД- 19- ро ҷиддӣ нагирифта, аз чораҳои зиддиэпидемикӣ истифода намебаранд. Агарчи суръати паҳншавии мавҷи дуюм назар ба мавҷи аввал паст ба назар расад ҳам, аммо чунин бепарвоӣ метавонад, ки мизони мубталошавии мардумро дар як муддати кутоҳ боло барад.

-Аз ин рӯ Маркази давлатии назорати санитарию эпидемологии вилоят ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ҳамарӯза дар ҷойҳои пуриздиҳом, дар терминалҳои мусофирбарӣ, мағозаву марказҳои дилхушӣ, кошонаву хӯроки умумӣ корҳои тарғиботию таблиғотиро  пурзӯр карда, мардумро ба риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват мекунанд, -афзуд номбурда.

Мутахассиси дигари ин марказ Анис Ёрмамадов низ аз бепарвоии мардум нисбат ба бемории КОВИД-19 изҳори нигаронӣ намуда, гуфт,   гунаи  короновирус бо номи «Делта», ки дар кишвари Ҳиндустон ошкор шудааст, на танҳо бо суръати баланд паҳн мешавад, балки оқибатҳои хатарзо дар пай дорад.

-Ягона чораи раҳоӣ аз мубталошавӣ ба ин беморӣ ин риояи тавсияҳои табибон ва ҷиддӣ гирифтани маъракаи эмкунӣ мебошад, -таъкид кард Анис Ёрмамадов .

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 104
  • 989
  • 887,458