Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо ректори Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Воҳид Ҳусейнӣ

Апрел 25
08:29 2024
24-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо ректори Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Воҳид Ҳусейнӣ ва ҳайати ҳамраҳонаш вохурӣ намуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд.
Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахши телетиб, коркарди гиёҳҳои шифобахш, табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар самти омӯзиш ва ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Дар идомаи вохурӣ ҳамзамон бо дарназардошти рушди ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ, ба роҳ мондани омӯзиш ва табодули таҷрибаи мутахассисони тоҷик дар заминаи муассисаҳои клиникии донишгоҳии ин кишвар байни Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи улумупизишкии Шероз Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Инчунин, дар заминаи Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Дафтари муштараки ҳамкориҳо бо Донишгоҳи улумупизишкии Шероз ифтитоҳ гардид ва изҳори умедворӣ карда шуд, ки дафтари мазкур на танҳо барои рушди ҳамкорӣ байни ду давлат, балки барои васеъ намудани ин ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути мубодила ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи беҳбудии саломатӣ хизмати шоиста хоҳад намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари кории хеш ҳамзамон ҳайати Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварда, бо роҳбарияти он мулоқот анҷом доданд.
Дар инҷо меҳмонон бо вазъи таълиму тарбия ва рафти донишомӯзии донишҷӯён низ шинос шуда, инчунин аз Маркази симулятсиноии донишгоҳи мазкур дидан намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари кории хеш ҳамзамон ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” низ ташриф оварда, якҷо бо табибони муассисаи мазкур дар амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ дар бахши асаб ва онкологӣ, ки ба тариқи эндоскопӣ гузаронида шуданд, иштирок намуданд.
Дар муассисаи мазкур ҳайати меҳмонон бо табибони тоҷик дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат гуфтугӯ анҷом дода, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар ин самт иброз доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 81
  • 989
  • 887,435