Вохурии машваратии ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба имконияти маблағгузории фавқулодда ва Хазинаи глобалӣ барои механизми вокуниш ба COVID-19

Вохурии машваратии ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба имконияти маблағгузории фавқулодда ва Хазинаи глобалӣ барои механизми вокуниш ба COVID-19
Май 31
07:45 2021

Пандемияи COVID-19 ба ҳама самтҳои бемории сил таъсири бузурги манфӣ расонида, тибқи гузоришҳои ҷаҳонӣ 12 моҳи пандемия 12 соли пешрафти зиддисилиро барҳам додааст.

Дар ин росто Хазинаи глобалӣ имконияти маблағгузории фавқулодда барои Механизми вокуниш ба COVID-19 (C19RM)-ро эълон кардааст.

C19RM бо Консепсияи чаҳорчӯбавии ТУТ барои мубориза бо COVID-19 мувофиқат мекунад ва дар самтҳои зерин маблағгузорӣ хоҳад кард: (1) вокуниш ба COVID-19; (2) мутобиқсозии барномаҳои мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа, бо дарназардошти COVID-19; ва (3) таҳкими низомҳо ва муассисаҳои тандурустӣ. Ҳамчунини ин се самт бояд ҳамкории мутақобилаи функсионалиро барои мусоидат ба вокуниши ҷомеа ба COVID-19 пешбинӣ намоянд.

Тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи дархости кишварӣ бояд то санаи 15 июни 2021 аз ҷониби Гурӯҳи кории техникӣ таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ пешниҳод карда шавад.

Вобаста ба ин, бо ташаббуси Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” рӯзи 28 майи 2021 Вохӯрии машваратии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи аз сил осебдида баргузор гардид.

Чорабиниро Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ва Наргис Саидова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” ифтитоҳ намуданд.

Дар бораи Механизми вокуниши Хазинаи глобалӣ ба COVID-19: Равиши бисёрсоҳавӣ ва нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ташаккули дархости кишварӣ доктор Марифат Абдуллаева презентатсия карда, иштирокчиёнро бо ҳадафҳои гранти навбатии Хазинаи глобалӣ шинос намуд.

Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён дар бораи вазъи соҳаи зиддисилии кишвар фикру мулоҳизаронӣ намуда, дар натиҷаи кори гурӯҳӣ бо дарназардошти талаботи соҳа тавсияҳои худро ҷиҳати ҷой додан дар дархости кишварӣ пешниҳод карданд.

Ҳамзамон, дар бахши ниҳоии вохӯрӣ ҷиҳати ошноӣ бо тавсияҳо намояндагони Парлумон, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Духтурон бидуни марз, UNDP, UNOPS,  аъзои Гурӯҳи дастгирии беморон ва дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и ‘Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон’, аз ҷумла сафирони ҳусни ният, овозхонони шинохта Нозия Кароматулло ва Ҳабиб Ҳакимов низ иштироку суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Ҷамшед Муртазоқулов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи парлумонии масъули бемории сил ва ҳамраиси Анҷумани глобалии масоили бемории сил пешрафти соҳаи зиддисилии кишварро қонеъкунанда арзёбӣ карда, аз масъулони соҳа хост, ки боз ҳам барои ҳарчи зудтар аз байн бурдани эпидемияи сил тамоми кӯшишу касбияти худро харҷ намоянд.

Бар илова, Зиёвуддин Авғонов, котиби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ доир ба гранти эълоншуда маълумоти муфассал дода, иштирокчиёнро бо самтҳои татбиқи он ошно намуд.

Ҳамзамон, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кумаки фаврии тиббии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имконияти маблағгузории навро барои соҳаи зиддисилии кишвар саривақтӣ шуморида, аз намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ даъват намуд, то дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо вазорат фаъолияти пурсамари худро дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил идома бидиҳанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Аслидин Раҷабзода, директори МД “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ин ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони аз сил осебдидаро баҳри пешрафти соҳа муҳим дониста, талоши якҷояи тамоми қишру соҳаҳои ҷамъиятро омили муассири барҳам додани бемории сил арзёбӣ намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 296
  • 1,242
  • 949,316