Июл 27
14:31
2020
Имрӯз, 27 июли соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарони КАТС-и шаҳри Душанбе вохурӣ намуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода зимни вохурӣ бо роҳбарони КАТС-и шаҳри Душанбе масъалаҳои муошират бо беморон, баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморони гирифтори COVID-19 ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарони КАТС-и шаҳри Душанбе ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.