Вохурии Зулфия Абдусаматзода бо директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Ҷон Айлиев

Вохурии Зулфия Абдусаматзода бо директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Ҷон Айлиев
Август 24
09:29 2022

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зулфия Абдусаматзода бо директори минтақавии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) ҷаноби Ҷон Айлиев вохурӣ намуд.

Нахуст Зулфия Абдусаматзода барои ҳамкориҳои судманд ва самаранок аз номи роҳбарияти вазорат ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP) (БОҶ) ҷиҳати расонидани кӯмакҳои пайваста дар таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии норасогии ғизо дар байни кӯдакон, ҳамзамон таъмини ғизои гарм дар мактабҳои деҳоти кишвар изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Гуфта шуд, ки “амнияти озуқа ва ғизои солим” вазифаи 3-ми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муҳимияти ин масъаларо ба назар гирифта, масъалаи амнияти озуқа ва ғизои солим ҳамчун самти афзалиятноки “Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030”дарҷ гардидааст. Дар раванди ҳалли ин масъалаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии меъёриро қабул намуда, айни замон онҳо фаъолият доранд, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” (с.2012, №890), “Дар бораи амнияти озуқаворӣ” №671 аз 29.12.2010, “Дар бораи ғанигардонии маҳсулоти хӯрока” с.2019, «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ барои с.2014-2024», с.2014, «Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ барои давраи то соли 2027», “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027” (аз 27.04.2022, №205), “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2027” (с.2021).

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо БОҶ барномаи “Пешгирӣ ва табобати норасогии шадиди ғизоии миёна”-ро мувофиқи дастурамалҳои миллӣ аз соли 2017 инҷониб татбиқ карда истодааст.

Дигар самти ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид – ин ташкили ғизои мактабӣ мебошад, ки яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии он зина ба зина мустаҳкам гардида истодааст. Агар cоли 2014 ҳамагӣ 21 фоизи хонандагони синфҳои ибтидоии ҷумҳурӣ бо ғизои мактабӣ фаро гирифта шуда бошанд, соли 2022 он ба 45,5% расидааст ва таъминоти он бо дастгирии шарикони асосии байналмилалӣ оид ба рушд ва донор (Федератсияи Россия), Асотсиатсияҳои волидайн ва мураббиён амалӣ шуда истодааст.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 617
  • 1,242
  • 949,637