Апрел 07
13:42
2022
Бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат шаби 7 апрели соли равон дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 501 ҳазору 600 воя ваксинаи “АстраЗенека” гардид.
Вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд.
Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар, хосатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.