Вусъати корҳои оммафаҳмонӣ оид ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19

Вусъати корҳои оммафаҳмонӣ оид ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19
Декабр 16
17:45 2020

Аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти “Иттиҳоди табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, махсусан истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 пайваста дар ҷойҳои серодам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Чунин як чорабинии фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби аъзоёни иттиҳоди мазкур имрӯз, 16 декабр дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар рафти он аз ҷониби табибони ҷавон  ба шаҳрвандон доир ба зарурати ҳатмии истифода ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ маълумот дода шуда, ҳамзамон ба шаҳрвандоне, ки ниқоби тиббӣ надоранд, ба онҳо ниқоби тиббии ройгон тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки чунин чорабинҳои оммафаҳмонӣ ҳамарӯза аз ҷониби  Ташкилоти “Иттиҳоди табибони  ҷавон” дар ҷойҳои серодами пойтахт  гузаронида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 110
  • 989
  • 887,464