Як гурӯҳ ҷавонони ниёзманди ноҳияи Рўдакӣ бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин гардиданд

Май 25
17:26 2021

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода, ки роҳбари гурӯҳи кории  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошад,  ба як гурӯҳ ҷавонони ноҳияи мазкур, ки бо амри тақдир аз роҳгардӣ маҳруманд, аробачаҳои маъюбӣ тақдим намуд.

Тавре аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ориф Хоҷазода дар баробари аробачаҳои маъюбӣ ба Мафтуна Фатҳуллоева, Ганҷина Насриддинова, Санавбар Исмоилова, Аъзам Умаров ва Парвизи Мухторалӣ инчунин кумаки яквақтинаи молиявӣ тақдим намуд.

Дар ҷараёни суҳбату мулоқот ва тақдими аробачаҳо  Ориф Хоҷазода изҳор намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста  ба  масъалаи ҳифзи иҷтимоии шахсони ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, минбаъд низ чунин дастгирию ғамхориҳо нисбат ба онҳо  идома дода мешаванд.

АКС: аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 712
  • 1,242
  • 949,732