Зафаробод: Ба истифода додани 15 иншооти соҳаи тандурустӣ

Зафаробод: Ба истифода додани 15 иншооти соҳаи тандурустӣ
Июл 21
14:22 2020

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнатӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дорад.

Чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳия дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод  дар баробари дигар иншоот бо беморхонаи хусусии соҳибкор Фурқат Нормаматов ошно гардид.

Раиси вилоят ташаббуси соҳибкоронро барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ назаррас арзёбӣ карда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳо дод.

Таъкид шуд, ки дар иҷрои корҳои ободонӣ саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас буда, шахсони ободкору ватандӯст иншооти гуногуни иҷтимоиро бунёд карда истодаанд, ки ин ба манфиати ҷомеа аст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 ба истифода додани 390 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ҷумла дар ин давра 15 иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 638
  • 1,242
  • 949,658