НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба саволҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дод (АКС)

НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба саволҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дод (АКС)
Феврал 12
19:35 2021

Имрӯз, 12 феврали соли равон дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ нишасти матбуотии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусаматзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ,  сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва  беш аз 60 нафар рӯзноманигорон аз расонаҳои иттилоотии дохиливу хориҷӣ ва нашрияҳои давлативу хусусӣ иштирок намуданд.

Бо дарназардошти он, ки қабл аз оғоз  Варақаи иттилоотӣ ба рӯзноманигорон дастрас карда шуд, нишасти матбуотии вазорат аз бахши саволу ҷавоб оғоз гардид.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди он, ки далели  рӯзҳои охир дар Тоҷикистон  ба қайд нагирифтани ягон ҳодисаи нави бемории коронавируси нави COVID-19  чист ва то чӣ андоза омори вазорат дар ин робита дуруст аст, зикр намуд,  ки омори мазкур дар асоси ташхисҳои лабараторӣ, набудани ҳолатҳои тасдиқёбии ин беморӣ дар ҳуҷраҳои рентгении муассисаҳои тандурустӣ, аз шаҳрвандоне, ки  барои ба хориҷа сафар намудан ташхиси коронавирус гирифта мешавад,  дарёфт накардани бемории мазкур пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки агар қаблан ҳамарӯза шаҳрвандони кишвар ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат менамуданд ва бемории коронавирус дар бархеи онҳо дарёфт мегардид, имрӯзҳо дар нафароне, ки ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат менамоянд, ин беморӣ тасдиқи хешро намеёбад.

Дар мавриди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ба ин беморӣ ғолиб омад, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар посух гуфт, ки маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ҷиҳати пешгирӣ ва ташхису табобати ин беморӣ дар мамлакат имкон дод, ки Тоҷикистон дар муқобили ин беморӣ чунин натиҷаро ба даст оварад.

Гуфта шуд, ки агар дар давраи бақайдгирии ин беморӣ дар Тоҷикистон ду  озмоишгоҳ фаъолият менамуд ва имкони  ҳамаи шаҳрвандонро аз ташхис гузаронидан вуҷуд надошт, имрӯз дар Тоҷикистон  12 озмоишгоҳ ва 18 дастгоҳи  занҷираи полимеравӣ дар тамоми манотиқи кишвар мавҷуд мебошанд, ки шаҳрвандон  саривақт ба  ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуда, натиҷаи ташхисҳо саривақт муайян карда мешаванд.

Дар ин росто,  қайд гардид, ки дар давраи паҳншавии ин беморӣ Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 ҳамарӯза се маротиба,  соати 17:00-и бегоҳ, 00:00-и шаб ва 08:00-и субҳ ба тариқи онлайн баргузор мегардид, ки дар он пеш аз ҳама масъалаи гардишҳои хонагӣ, дарёфт ва ба ташхис фаро гирифтани беморон ва гумонбарони бемории коронавируси нави COVID-19 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта мешуданд. Махсусан, аз ҷониби сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони беморхонаҳо табибони оилавӣ ба минтақаҳои аҳолинишин тақсим шуда, гаштҳои хонагӣ анҷом додаву нафарони дорои нишонаҳои бемории COVID-19-ро ба ташхис фаро  мегирифтанд. Ҳамин тавр, нафароне, ки бо нишонаҳои сабуки ин беморӣ дарёфт карда мешаванд, дар муҳити хона ба табобат фаро гирифта шуда, нафарони дорои нишонаи вазнин ба беморхона интиқол дода мешуданд.

Ҳангоми баргузории ситоди вазорат дар се марҳила сардорони раёсатҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба натиҷаи гаштҳои хонагӣ, аз ҷумла чанд хоҷагиро гаштан, чӣ қадар гумонбар дарёфт намудан ва ҳамзамон чанд нафарро пас аз табобат аз беморхона рухсат додан ба роҳбарият вазорат ҳисобот  пешниҳод  менамуданд.

Чунин тарзи корбарӣ на танҳо барои саривақт дарёфт ва ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон мусоидат намуд, балки имкон дод то шиддати ин беморӣ ҳарчӣ зудтар дар Тоҷикистон ба маротиб коҳиш ёфта, чунин натиҷаро ҳосил намояд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба омори гирифторони бемории коронавирус дар вилоятҳо, фавт ва сироятёбии табибон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон, вазъи ташхис ва табобати як қатор бемориҳо дар кишвар, ҷорӣ намудани суғуртаи тиббӣ, дастрас намудани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба Тоҷикистон, вазъи омода намудани мутахассисони вирусолог, эпидемиолог ва сироятшинос,  вазъи омодасозии маводҳои доруворӣ дар Тоҷикистон, ташрифи мутахассисон аз Федератсияи Россия ҷиҳати таҳлили вазъи эпидемиологии Тоҷикистон, дастовардҳои олимони соҳаи тибби тоҷик дар самти ташхис ва табобати бемории коронавирус  ва дигар мавзӯъҳо саволҳо пешниҳод намуданд, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба онҳо посухҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Дар умум, рӯзноманигорон аз посухҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба саволҳои пешниҳодгардида изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 соату 40 дақиқа идома ёфта,  он аз ҷониби маркази матуботи вазорат ва  як қатор расонаҳо мустақиман пахш ва пешниҳоди истифодабарандагони сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардонида шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 55
  • 1,042
  • 875,219