Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

Санаи 12-уми декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо 21 нафар табибони ҷавон, ки тариқи Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ зинаи ординатураи клиникиро аз рӯйи ихтисосҳои гуногун дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар хатм намудаанд, вохурӣ намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода табибони ҷавонро барои хатми бомуваффақият дар зинаи ординатураи клиникӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар табрик намуда, иброз дошт, ки омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб дар мадди назари роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар ин замина, номбурда аз табибони ҷавон даъват ба амал овард, ки донишу малакаи омухтаи худро акнун дар амал ҷорӣ намуда, баҳри таъмини солимии аҳолӣ саҳми хешро гузоранд.

Дар идомаи вохурӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо табибони ҷавон оид ба одоби муошират бо беморон, софдилона ва содиқона хизмат кардан баҳри таъмини солимии аҳолӣ, рӯ овардан ба навгониҳои соҳа ва бо ин васила ҷорӣ кардани усулҳои нави ташхису табобат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ намуд.

Ҳамин тавр, табибони ҷавон барои фаъолияти касбӣ ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз раванди иҷрои корҳои сохтмони иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Файзобод

Руҳи маънавии ибни Сино шифобахши ҳамешагии беморон аст

Доир ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам дар Тоҷикистон конфронси миллӣ доир шуд

Вазири тандурустии Белорус Александр Ходжаев ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ташриф овард

Ҷори намудани боз як усули нодири ҷарроҳӣ дар кишвар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд

Search