Ҷиҳати баргузории рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд

Аз 26 октябр то 6 ноябри соли 2026 дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2026, №12-1583 «Оид ба ташкил ва гузаронидани рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайр аз шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Исфара ва Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кушониён, Восеъ, Вахш ва Фархор) байни кӯдакони синнашон аз 6 моҳа то 5 сола (кўдаконе, ки аз 27 октябри соли 2021 то 26 апрели соли 2026 таваллуд шудаанд) гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад имрӯз, 23-юми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ҷянжун Сяо, намояндаи Хазинаи нуфӯзи Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон хонум Эри Двиведӣ, шарикон оид ба рушд, масъулини соҳа ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки сурхча яке аз бемориҳои шадиди сироятӣ буда, тавассути ҳаво зуд паҳн мешавад ва метавонад боиси оризаҳои вазнин, аз ҷумла илтиҳоби шуш, энсефалит ва дигар мушкилоти саломатӣ мегардад. Гулафшон низ бемории сироятӣ буда, махсусан барои занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро сироятёбӣ дар давраи ҳомиладорӣ метавонад ба ҷанин зарари вазнин расонад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи мақсад ва вазифаҳои Барномаи иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои иммунизатсиониро амалӣ менамояд. Аз ҷумла нигоҳ доштани фарогирии баланди кӯдакони синни 12-моҳа ва 6-сола бо иммунизатсияи нақшавӣ, гузариш аз истифодаи ваксинаи яквалентаи зидди сурхча ба ваксинаи дувалентаи зидди сурхча ва гулафшон дар соли 2009, инчунин гузариш аз ваксинаи дувалентаи зидди сурхча ва гулафшон ба ваксинаи севалентаи зидди сурхча, баногӯшак ва гулафшон дар соли 2020 аз ҷумлаи ин чорабиниҳо мебошанд. Ҳамзамон, солҳои 2004, 2009, 2017, 2022 ва 2023 дар сатҳи ҷумҳурӣ маъракаҳои оммавии иммунизатсия бар зидди бемории сурхча гузаронида шуданд.

Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 53 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, ки дар онҳо маъракаи мазкур соли 2025 гузаронида нашуда буд, амалӣ карда мешавад. Бо дарназардошти зичии муҳоҷират, баргузории чорабинӣ дар шаҳри Душанбе низ ба нақша гирифта шудааст.

Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории нишасти матбуотӣ-ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ тавассути васоити ахбори омма ва мусоидат ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани маъракаи банақшагирифташудаи иммунизатсия мебошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз волидайн, хусусан аз падару модарони кӯдакон даъват менамояд, ки барои гирифтани маълумоти зарурӣ ба муассисаҳои тиббии маҳалли зист муроҷиат намуда, иштироки кўдакони синни мақсаднокро дар рӯзҳои иловагии иммунизатсия таъмин намоянд.

Иммунизатсия яке аз роҳҳои самараноки пешгирии сурхча ва гулафшон мебошад. Фарогирии саривақтии кӯдакон бо ваксина барои ҳифзи саломатии онҳо, пешгирии паҳншавии бемориҳо ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译