Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 21-уми январи соли ҷорӣ дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вохурии сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Нигора Муқимӣ бо роҳбарият ва кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамзамон муовини  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода иштирок намуд. 

Дар оғози вохурии мазкур Абдухолиқ Амирзода хизмати софдилонаву содиқона ба халқу ватанро вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи тандурустӣ дониста, вобаста ба масоили мафҳуму моҳияти коррупсия, зуҳуроти номатлуби он дар ҷомеа ва зарари манфӣ доштани он дар пешрафту шукуфоии давлат муфассал суханронӣ намуд.

Баъдан, Нигора Муқимӣ, сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зимни суханронии хеш оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайҳи ин зуҳурот, корҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони тиб, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот ба ҷомеа ва давлат ба иштирокчиён маълумоти муфассал доданд.

Дар охири вохурӣ ба кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супориш дода шуд, ки ҷиҳати решакан намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ тадбирҳои амалиро рӯи даст бигиранд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search