Боиси хушнудист, ки давоми солҳои охир маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи тибби мамлакат усулҳои нави ташхису табобат дар амал иҷро гардида истодаанд, ки шаҳрвандони мамлакат бо истифода аз шароиту имконияҳои муосид ба хориҷи кишвар нарафта, дар Ватани худ ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ дастрасӣ пайдо намудаанд.
Дар давоми зиёда аз се соли охир, ки амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ барои гирифторони бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба роҳ монда шудаанд, то кунун ба зиёда аз 400 нафар бемори гирифтори фарбеҳии вазнашон зиёд чунин амалҳои ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Ба иттилои Ҳакимзода Беҳруз, мудири шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, аз ин шумора зиёда аз 100 нафари онҳо аз фарбеҳии морбидӣ, яъне аз вазни 150кг боло азият мекашиданд ва 50 нафари дигарашон гирифтори бемории диабети қанди навъи 2 низ буданд, ки ба онҳо амалиёти ҷарроҳии шунткунонии меъда ба рудаи борик ва амалиёти ҷарроҳии буриши остиншакли меъда гузаронида шуд. Инчунин, беморони дорои вазни аз 150кг боло то 105 кг вазни изофаи худро кам карда, дар баробари ин, аз бемории диабети қанди навъи 2 низ халос гаштанд ва ин омил боиси беҳтар шудани вазъи саломатии онҳо гашт.
Ин навбат дар муассисаи мазкур ба бемор Умарова Азизаи 39-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ки зиёда аз 200 кг вазн дошт ва аз бемории фарбеҳӣ азият мекашид, амалиёти шунткунонии меъда ба рудаи борик бомуваффақият гузаронида шуд.
Тавре худи бемор мегӯяд, тули чандин сол мешавад, ки бинобар сабаби бемории фарбеҳӣ нафаскашиаш душвор буд, аз роҳ гаштан азият мекашид ва ҳамзамон дард дар пойҳо дошт.
Инак, пас 4 рӯзи амалиёти ҷарроҳӣ номбурда аллакай худро хеле хуб эҳсос мекунад ва нишонаҳои қабл аз ҷарроҳӣ, ба монанди дарди пойҳо, нафастангӣ ва мушкилии роҳгардӣ дар ӯ аз байн рафтанд.
Ҳакимзода Беҳруз, мудири шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологии маркази мазкур иброз медорад, ки натиҷаи амалиёти ҷарроҳӣ аллакай дар ин бемор мушоҳида мешавад ва ӯ дар давоми 4 рӯзи баъди ҷарроҳӣ 10кг вазни худро кам кардааст.
Ин мутахассиси соҳа мегуяд, дар назар аст, ки бемор Умарова Азиза давоми 9 моҳи оянда то 100кг вазни изофаи худро кам карда, аз бемории фарбеҳӣ халос шавад ва ҳолати саломатии худро беҳтар намояд.
Бояд гуфт, ки амалиёти мазкур бо усули миниинвазирӣ, яъне бе буриши калони ҷисми бемор гузаронида мешавад, ки ин ҳолат агар аз як ҷониб бо осеби камтар анҷом ёбад, аз ҷониби дигар муҳлати табобат ва бистарии беморро дар беморхона кам мекунад.
Тибқи иттилои мутахассисони соҳа, амалиётҳои бариатрикӣ гуруҳи амалиётҳое мебошанд, ки дар беморони гирифтори фарбеҳӣ ва оқибатҳои он гузаронида мешаванд.
Зимни чунин амалиёт ҳаҷми узвҳое, ки дар системаи ҳозима аст, аз ҷумла андозаи меъда хурд ва ба рудаи борик пайваст гардида, яъне шунткунонии меъда бо рудаи борик анҷом дода мешавад, ки дар натиҷа изофаи зиёдатии вазн дар муддати муайян кам мегардад. Аз ҳисоби ин, ҳаракати беморон хуб шуда, вайроншавии мубодилаи моддаҳо бартараф карда мешавад.
Бояд гуфт, ки айни замон якчанд намуди маъмули ин амалиётҳо мавҷуд аст, ки яке аз онҳо буриши остинмонанд, ё ба истилоҳи дигар онро “слив резексия” меноманд. Барои иҷроиши амалиёти мазкур қисми зиёди меъда бурида гирифта мешавад ва ҳаҷми истеъмоли хурок дар як давра нисбатан кам мегардад. Ғайр аз ин, якчанд амалҳои дигар, аз қабили шунткунонӣ, ки каме системаи ҳозимаро дигар мекунад ва ҳаҷми истеъмоли хӯрок кам шуда, мубодилаи он ба меъёр меояд, низ мавҷуданд, ки пас аз иҷроиши амалҳо мубодилаи моддаҳо дар организм хеле беҳтар шуда, нишондоди беморони диабети қанд паст мегардад ва дар натиҷа беморон аз оризаҳои он эмин мемонанд.
Мутахассисони маркази болозикр барои анҷом додани чунин амалиёти ҷарроҳӣ курсҳои бозомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ гузашта, донишу малака ва таҷрибаи худро баланд бардоштаанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар маркази номбурда ҳамаи намуди амалиётҳое, ки дар самти амалиётҳои бариатрикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ гузаронида мешаванд, дар амал ҷорӣ карда шудаанд ва мутахассисони ватанӣ мустақилона метавонанд онҳоро анҷом бидиҳанд.


