Хуҷанд. Бартарафсозии чурраи қадкашак бо гузоштани тури синтетикӣ тариқи эндоҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом дода шуд

Дар шуъбаи ҷарроҳии фаврӣ, ки дар бинои тозабунёди Беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, амалиёти ҷарроҳии муосир оид ба бартарафсозии чурраи қадкашак тариқи эндоҷарроҳӣ бомуваффақият гузаронида шуд.

Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, ин намуди ҷарроҳӣ амалиёти муосир буда, хатари ками оризаҳои пас аз ҷарроҳиро таъмин менамояд.

Махсусан, бартарафсозии чурраҳои қадкашак тариқи эндоҷарроҳӣ торафт маъмул гашта, амалиёти мазкур буридани дарози пустро талаб намекунад ва бо истифодаи якчанд сурохҳо гузаронида мешавад, ки хатари пайдоиши мушкилоти фасодию илтиҳобиро коҳиш медиҳад.

Қобили қайд аст, ки афзалиятҳои ҷарроҳии эндоскопӣ барқарорсозии тезтар, дақиқӣ ва самаранокӣ ва муҳлати кутоҳи бистаришавӣ ба шумор меравад.

Мутахассисони беморхонаи мазкур иброз медоранд, ки ҳадафи асосии ин намуди ҷарроҳӣ- ин кам кардани дард ва зудтар баргардонидани бемор ба ҳаёти фаъол мебошад. Хушбахтона, ҷарроҳӣ бомуваффақият амалӣ карда шуда, айни замон бемор дар марҳилаи пас аз ҷарроҳӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар Беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи С.Урунов, имрӯзҳо тамоми шароиту имконот барои ташхису табобати саривақтӣ ва босифати беморон мавҷуд буда, табибони беморхона кушиш ба харҷ медиҳанд, ки марҳила ба марҳила усулҳои муосиру замонавии амалиётҳои ҷарроҳиро ба роҳ монанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Шиносоӣ бо ҷараёни дарсомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译