Дастовард. Сеюмин амалиёти буриши ғадуди сипаршакл дар Тоҷикистон бо усули эндоскопӣ бо муваффақият гузаронида шуд

Санаи 04-уми июли соли равон дар шуъбаи ҷарроҳии умумии Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” бо роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор, ҷарроҳ ва эндоҷарроҳ Нуриддин Муҳиддин сеюмин маротиба дар Ҷумҳури Тоҷикистон ва аввалин бор дар муассисаи номбурда бо ташхиси гиреҳи сипаршакл ба бемор сокини шаҳри Душанбе Хайруллоева Инобат амалиёти ҷарроҳии буриши ғадуди сипаршакл бо усули ҷадид-ба таври эндоскопӣ, яъне бе буриши зиёди ҷисми бемор бо муваффақият гузаронида шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки қаблан дар Тоҷикистон барои чунин беморон ҳамагӣ ду маротиба-моҳҳои январ ва октябри соли 2022 бо усули эндоскопӣ амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда буд.

Болтуев Комрон, табиби ҷарроҳ, ки бо роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Нуриддин Муҳиддин амалиёти ҷарроҳии мазурро гузаронидааст, иброз медорад, ки маъмулан амалиётҳои ҷарроҳӣ барои ингуна беморон ба таври кушода гузаронида мешаванд, ки чунин ҳолат агар аз як ҷониб бинобар сабаби буриши девораи пеши гардан ба намуди эстетикии бемор таъсир расонад, аз ҷониби дигар муҳлати табобат ва бистарии беморрро низ дар беморхона зиёд менамояд.

Ба гуфтаи номбурда, бартарияти усули нави ҷарроҳӣ дар он аст, ки дар девораи пеши гардани бемор захми пас аз ҷарроҳӣ мушоҳида намешавад ва барои гирифтани ғадуди зери сипаршакл ба таври эндоскопӣ танҳо се захмҳои аз 0,5 см то 1 см гузаронида мешаванд, ки ин ҳолат барои бемор бисёр сабук аст.

Бинобар ин, дар бемор дардҳои зиёди пас аз ҷарроҳӣ мушоҳида карда намешаванд ва ҳамзамон муҳлати бистарӣ гардидани беморон дар беморхона низ хеле кам мегардад. Масалан, агар пас аз амалиёти ҷарроҳии кушода ингуна беморон то 10 рӯз дар беморхона бистарӣ бигарданд, бо усули эндоскопӣ онҳо баъди аз 3 то 5 рӯз ба хона рухсат дода мешаванд.

Бемор сокини шаҳри Душанбе Хайруллоева Инобат мегуяд, шаш моҳ пеш ташхис нишон дод, ки ӯ гирифтори бемории ғадуди зери сипаршакл мебошад ва ин ҳолат боиси нафастангӣ, аз ҳуш рафтан, асабонӣ ва беиштиҳоии номбурда гашт.

Хушбахтона, баъди амалиёти ҷарроҳӣ бо усули эндоскопӣ ҳолати нафаскашии бемор пурра барқарор шуда, нишонаҳои қаблии ин беморӣ аллакай дар ӯ гум шудаанд ва номбурда ҳоло худро хеле хуб ҳис мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки бемории ғадуди зери сипаршакл бемориест, ки бештар дар синну соли аз 20 то 40-сола мушоҳида мешавад.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки имрӯзҳо дар кишвар тамоми амалиётҳои ҷарроҳӣ, ки ба намуди эстетикии беморон таъсири манфӣ намерасонанд, бо муваффақият гузаронида мешаванд.

Мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ки минбаъд имкон ҳаст то чунин беморон ба таври эндоскопӣ дар мамлакат ба амалиёти ҷарроҳӣ фаро гирифта ва табобати онҳо бо чунин усули замонавӣ пурра ба роҳ монда шавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Мутахассиси эронӣ ва табибони тоҷик оид ба дарёфти нуқсон ва иллатҳои модарзодии тифл табодули таҷриба намуданд

Вохурӣ бо шарикони рушд

Франсия: Иштироки Ғафур Муҳсинзода дар вохурии сатҳи баланд оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ

Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

Ҷаласаи умумии Шарҳи якҷояи cолонаи соли чоруми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-4) доир гашт

Search